Дасткорӣ ва фейк | Муқоваи китоб аз пӯсти одам

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарони тоҷик навиштанд, ки дар чанде аз китобхонаҳои бузурги дунё, аз ҷумла китобхонаи донишгоҳи Ҳарварди ИМА, китобҳое мавҷуд аст, ки муқоваашон аз пӯсти одам сохта шудааст. Ин хабар наметавонист нодида гирифта шавад: пӯсти одам чӣ бартарӣ ва афзалият дорад, ки аз он муқоваи китоб сохта шавад? Дар маҷмуъ, ин иттилоъ то куҷо ҳақиқат дорад?

Дасткорӣ ва фейк: Муқоваи китоб аз пӯсти одам
Скриншот аз саҳифаи яке аз истифодабарандагон бо хабари санҷидашаванда

Аз сабаби он, ки хабар асосан дар шакли матн буда, бо эҳтимоли зиёд акси овардашуда барои аёният истифода шудааст, барои санҷиш ин хабар ба ду қисми асосӣ тақсим карда шуд, ки дар алоҳидагӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд:

  1. Матн
  2. Акс

Чӣ гуна санҷида шуд?

Акси китоби ҳақиқӣ, ки муқовааш аз пӯсти инсон сохта шудааст
Акси китоби ҳақиқӣ, ки муқовааш аз пӯсти инсон сохта шудааст

Ҷустори Google бо забони русӣ нишон дод, ки хабари мазкур ҳанӯз дар солҳои 2014 дар чанд расонаи русзабон нашр шудааст. Сомонаи vesti.ru бо такя ба CNN менависад, “Дар Ҳарвард китобе пайдо гардид, ки муқовааш аз пӯсти одам сохта шудааст”. Ин хабарро нахуст санаи 24 майи соли 2013 сомонаи донишгоҳи Ҳарвард нашр кардааст. Баъдан сомонаи CNN 5 июни соли 2014 ва сомонаи vesti.ru худи ҳамон рӯз онро бознашр кардаанд.

Дар ин хабар омадааст, ки нависандаи асри XIX-и Фаронса Арсен Ҳуссайе китобе навишт бо номи “Сарнавишти руҳҳо” ва миёнаҳои соли 1880 онро бо дӯсти табибаш Людовик Буланд тақдим кард. Ҳамин Буланд баъди чанде китоби “Сарнавишти руҳҳо”-ро бо пӯсти яке аз беморонаш, ки аз бемории сактаи мағзӣ вафот карда буд, муқова баст.

Ҷустуҷӯи акс дар images.google.com нишон дод, ки акси дар маводи шабакаҳои иҷтимоӣ истифодашаванда ба хабар дахл надоранд. Акси китоб, ки дар манбаи аслии хабар дар сомонаи донишгоҳи Ҳарвард истифода шудааст, тамоман дигар хел аст.

Ҳукмнома

Аз сабаби он, ки хабар аз оғоз ба ду қисми алоҳида ва мустақил тақсим шуда буд, пас ҳар ду қисми он ҳукмномаҳои алоҳида мегиранд:

  1. Ҳукмномаи матн ‑ дасткорӣ (манипуляция)
  2. Ҳукмномаи акс ‑ фейк

Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

1 КОММЕНТАРИЙ

Leave a Reply to Абдуллоҳ Ғурбатӣ Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь