Қабули дархост барои иштирок дар тренинг доир ба далелсанҷӣ оғоз ёфт

Қабули дархостҳоро барои иштирок дар тренинги бахшида ба мавзӯи далелсанҷӣ эълон мекунем.

Дар тренинг нафарони зерин иштирок намуда метавонанд:

  • Хабарнигорон
  • Блогнависон
  • Истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ

Барои иштирок дар тренинг шакли дархости дар зер омадаро пур кунед. Ҷавобҳо то соати 18:00 санаи 11 октябри соли 2018 қабул мешаванд. Дархостҳое, ки пас аз вақти муайяншуда ирсол мегарданд, баррасӣ намешаванд.

Тренинг санаҳои 15-16 октябри соли 2018 дар дафтари кории Internews дар Тоҷичикистон, воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо 7 баргузор мегардад.

Тренинги мазкур дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ мешавад, баргузор мегардад. Тренинг проводится в рамках проекта, реализуемого при финансовой поддержке Посольства США в Таджикистане. Барои маълумоти муфассалтар метавонед ба ҳамоҳангсози лоиҳа Рустам Гулов тариқи суроғаи почтаи электронии gulovrr@gmail.com муроҷиат намоед.

Rustam Gulov
Rustam Gulovhttps://factcheck.tj
Ҳаммуассиси Factcheck.tj ва муаллифи Alifbo.Media

1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь