Чӣ санҷида шуд?
Тибқи иттилои маводи «Настоящее время» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, дар Тоҷикистон ҳангоми таваллуди фарзанди аввал ба таври бебозгашт ба маблағи 127 доллари амрикоӣ дода мешавад.
Иттилоот дар шакли инфографика зери сарлавхаи «Кӯмакпулии яквақта барои тифли аввал» оварда шуда, тайи як моҳи гузашта боиси баҳсу навиштаҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикистониён ва собиқ давлатҳои шӯравӣ шудааст.
Маводи мазкур дар саҳифаи расмии фейсбукии «Настоящее время» санаи 27 сентябри соли 2018 нашр шуда, то ба 10 октябр 1130 нафар ин маводро дар саҳифаҳои шахсии худ ё гурӯҳҳои дигар қисмат (share) кардаанд.
Маблағе, ки барои Тоҷикистон нишон дода шудааст, ба назари мо шубҳанок аст, аз ин рӯ зери далелсанҷӣ қарор гирифт.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Пардохтҳои суғуртаи иҷтимоиро, ки кӯмакпулии давлатӣ барои таваллуди фарзанд ба он дахл дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” ба танзим медарорад. Тибқи моддаи 14 Қонун:
“Ҳангоми таваллуди кўдак дар оила кўмакпулии оилавии зайл пардохта мешавад:
- кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак;
- кўмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кўдак.
Кўмакпулии яквақта бинобар таваллуди кўдак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
- ҳангоми таваллуди кўдаки якум — ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо”.
Тибқи меъёри қисми 2 моддаи 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо” андозаи нишонда барои ҳисобҳо дар қонун дар Бораи буҷети давлатӣ барои ҳар сол алоҳида муқаррар мешавад. Мувофиқи моддаи 23 Қонуни ҶТ “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” аз 1 январи соли 2018 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 50 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Дар асоси маълумоти мазкур муайян мегардад, ки ҳаҷми кўмакпулии яквақта бинобар таваллуди кўдаки якум ба 150 сомонӣ (3 нишондиҳанда * 50 сомонӣ) муайян шудааст. Дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон барои санаи 10 октябри соли 2018 қурби доллари ИМА ба 9.4106 сомонӣ барои 1 доллар муқаррар шудааст, ки мувофиқи он 150 сомонӣ ба 15 доллару 94 сент баробар аст.
Ҳуқуқшинос Абдулмаҷид Ризоев низ санаи 30.09.2018 маълумоти дар инфографика дар бораи Тоҷикистон овардашударо мавриди таҳлил қарор дода, дар гурӯҳи фейсбукии Tajik Mama Group хулосаи худро овардааст, ки маълумоти дар инфографика нисбати Тоҷикистон оварда нодуруст мебошад.
Матни қонунҳои зикргашта, ки линкҳо ба саҳифаҳои алоҳидаи онҳо дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мебаранд, хулосаҳои моро тасдиқ мекунанд.
Ҳукмнома
Чӣ хеле ки санҷишу ҳисобҳои мо ва хулосаи ҳуқуқшиноси касбӣ дар асоси меъёрҳои қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, кӯмакпулии якдафъаина барои таваллуди кӯдак дар ҳаҷми на ин ки 127 доллари ИМА, чӣ хеле ки дар инфографикаи “Настоящее время” оварда шудааст, балки на зиёда аз 16 доллари ИМА муқаррар гаштааст.
Аз ин рӯ мо хулоса мекунем, ки маълумоти нисбати Тоҷикистон дар Маводи «Настоящее время» овардашуда ҳукмномаи “Дурӯғ”-ро мегирад.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.