Дасткорӣ ва Дурӯғ | Қудратулло Қурбонов: Дар Тоҷикистон мушкили ҷои кор нест

Чӣ санҷида шуд?

Дар хабари зери сарлавҳаи «Қудратулло Қурбонов: Дар Тоҷикистон мушкили ҷои кор нест» (бойгонӣ) иқтибоси зерин омадааст:

“Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти ҷойи корӣ мавҷуд нест, балки мушкили дар андозаи музди меҳнат ва мутобикатии касбияти корҷӯянда аст. Танҳо дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон кариб 10 ҳазор ҷои кори холӣ аст, ки ҳар як шаҳрванд метавонад барои ишғоли ин ҷойҳо номзадии худро пешниҳод намояд”.

Муаллифи он, Қудратулло Қурбонов ҳамчун Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, иқтибоси зерин аз номи мутахассиси бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Наргис Урунова низ омадааст, ки андешаи Қудратулло Қурбоновро рад мекунад:

“Иддаои мазкур то ҷое аз ҳақиқат дур аст, зеро маълумоте, ки дар сомонаҳои расмии вазорату идораҳо мавҷуд аст, тақрибан коркард намешаванд. Яъне, эълонҳои ҷойи холии кор, ки аз тарафи мақомот пешниҳод мешаванд, баъди ишғоли ин ҷойҳо аз сомонаҳо гирифта намешаванд…”.

Хабари мазкур дар сомонаи “faraj.tj” санаи 29-уми октябри соли  2018 соати 14:00  нашр шудааст.

Сомонаи «faraj.tj», ки ба ҳафтаномаи «Фараж» ва Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон” тааллуқ дорад, яке аз пурхонандатарин ҳафтанома ва сомонаи кишвар ба ҳисоб меравад. То лаҳзаи омода намудани далелсанҷии мазкур хабарро дар сомона 424 маротиба хондаанд. Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» гурўҳи «www.faraj.tj» (бойгонӣ) 1556 хонанда дорад. Ин ба мо имконият медиҳад, ки дар васеъ паҳн шудани хабари баррасишаванда мутмаин бошем.

Иқтибосҳои дар боло овардашуда ба назари мо шубҳанок менамоянд, вобаста ба ин ба қарор омадем, ки дурустии онҳоро санҷем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Азбаски хабар аз ду иқтибоси калон иборат аст, мо тасмим гирифтем, ки ҳар яки онро дар алоҳидагӣ санҷем.

Иқтибоси аввал аз ду қисм иборат аст, ки дар алоҳидагӣ онро баррасӣ карда, чун бо ҳам алоқамандии зич доранд, ба хулосаи умумӣ меоем.

Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ
Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ. Акс аз сомонаи faraj.tj

Қисми аввал:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти ҷойи корӣ мавҷуд нест, балки мушкили дар андозаи музди меҳнат ва мутобикатии касбияти корҷӯянда аст.”

Дар паи ҷустуҷӯи ҳақиқат, ки оё дар Тоҷикистон ҳақиқатан мушкилоти ҷойи корӣ мавҷуд аст ё не, ба сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардем. Он ҷо дар маводе аз санаи 10 октябри соли 2018 зери сарлавҳаи “Гузориши матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018” (бойгонӣ) омадааст, ки “дар нуҳ моҳи соли 2018 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 102689 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 72273 нафари онҳо ҳамчун корҷў ба қайд гирифта шуда, ба 44344 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шугли аҳолӣ дар маҷмўъ 47072 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз зиёд мебошад”. Айнан дар ҳамин мавод иттилооти алоҳида оид ба нишондиҳандаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ омадааст. Аз ҷумла қаёд мегардад, ки “дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз ҷумҳурӣ 359 054 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд”.

Миқдори зиёди муроҷиаткунандагон барои дарёфти ҷойи корӣ ва муҳоҷирони меҳнатие, ки айнан бо ҳамин мақсад тарки кишвар кардаанд, аз мавҷудияти мушкилоти ҷиддии норасоии ҷойи корӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ҷустуҷӯи эълони ҷойҳои холии корӣ, ки муфассалтар оид ба он дар санҷиши қисми дуюми изҳороти Қудратулло Қурбонов мо гуфта мегузарем, мо сомонаи kor.tj-ро аз назар гузаронида. Барои омӯхтани суханони “мушкили дар андозаи музди меҳнат … аст” мо тамоми музди меҳнати дар эълонҳо нишондодашударо омӯхта (аз 307 эълони ҷойи холии корӣ дар 130 эълон музди меҳнат нишон дода шудааст), ҳисоб кардем, ки нишондиҳандаи миёнаи он ба 1117,85 сомонӣ баробар аст. Ҳол он, ки мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷадвали “Музди миёнаи меҳнат аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ” омадааст, барои моҳи июли соли 2018 (иттилооти тозатарин барои санаи 06.11.2018) ба 1339,37 сомонӣ баробар аст. Аз ин ҷо бармеояд, ба ҳисоби миёна дар ҷойҳои холии кории дар сомонаи kor.tj пешниҳодшаванда, андозаи музди меҳнат аз нишондиҳандаи миёнаи дар кишвар 221,52 сомонӣ пасттар аст. Шояд инро ҷаноби Қурбонов дар назар доштанд? Ба мо маълум нест.

Дар мавриди суханони “мушкили дар … мутобикатии касбияти корҷӯянда аст” мо боз ба маводи дар боло зикргашта бармегардем. Дар қайд гаштааст, ки дар нуҳ моҳи соли 2018 “маҷмўан 40963 нафар шаҳрванд ба курсҳои кўтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ҷалб гардиданд”. Ин миқдор аз 10 ҳазор ҷои холии кории ҷаноби Қурбонов гуфташуда тахминан 4 маротиба зиёд аст. Ин имкон медиҳад, ки ҳадди ақал барои вазифаҳое, ки сатҳи баланди касбиятро талаб намекунанд, нафарони даркорӣ тариқи ин курсҳо омода гашта, ҳадди ақал қисме аз он даҳ ҳазор ҷойҳои холии кориро пур кунанд.

Вобаста ба ин ин қисмати суханони ҷаноби Қурбонов ҳукмномаи “Дасткорӣ”‑ро мегирад.

Қисми дуюм:

“Танҳо дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон кариб 10 ҳазор ҷои кори холӣ аст, ки ҳар як шаҳрванд метавонад барои ишғоли ин ҷойҳо номзадии худро пешниҳод намояд”.

Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рубрикаи алоҳида таҳти унвони “Озмуни ҷойҳои кори холӣ” (бойгонӣ) мавҷуд аст, вале он ҷо танҳо як эълон иборат аз иттилоот оиди ҳамагӣ 4 ҷойи кори холӣ аст, ки он ҳама барои ишғоли мансабҳои холии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

Барои боз ҳам амиқтар таҳлил намудани иқтибоси овардашуда, мо сомонаи “kor.tj”-ро, ки ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, дидан намудем (бойгонӣ). Дар сомонаи мазкур шумораи ҷои кори холӣ (вакансия) 307 адад нишон дода шудааст.

Санҷиш муайян намуд, ки ин сомона дар ҳақиқат ҳам ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва дар ҳисобот (бойгонӣ) дар бораи фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар нуҳ моҳи соли 2017, ки дар ин сомона мавҷуд аст, дар чанд ҳолат оид ба дахл доштани сомона ба ин Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибос оварда шудааст. Аз ҷумла:

“Агентӣ дар баробари пешрафти техника ва технологияи замони муосир ҳамқадам буда, барои ҷойгир намудани маълумот аз ҷараёни фаъолияти худ ва мақомоти Агентӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сомонаи Kor.tj яъне «Махзани миллии маълумот доир ба чойҳои кори холӣ»-ро ҷорӣ намуда, барои корҷўён роҳи ба осонӣ пайдо кардани ҷойҳои кории вобаста ба худ муносибро пайдо намудан, амал мекунад”.

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки на дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на сомонаи kor.tj, ки аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ махсусан барои ҷой додани эълонҳои ҷойҳои холии корӣ роҳандозӣ шудааст, эълони 10000 ҷойҳои холии кории ҷаноби Қурбонов ёдовар шуда мавҷуд нест.

Нишондиҳандаи мазкур аз ҷониби ҷаноби Қурбонов барои тақвият бахшидани суханони аввали худ буд, аммо чӣ хеле маълум мегардад, он асоси воқеӣ надорад, яъне ҳукмнома ин далели овардашуда “Дурӯғ” аст.


Иқтибоси дуюм

Чӣ хеле, ки дар аввал қайд карда будем, таҳти санҷиши мо ду иқтибос қарор гирифта буданд. Суханони навбатӣ ба мутахассиси бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Наргис Урунова тааллуқ доранд:

“Иддаои мазкур (суханони Қ.Қурбонов дар назар аст – Factcheck.tj) то ҷое аз ҳақиқат дур аст, зеро маълумоте, ки дар сомонаҳои расмии вазорату идораҳо мавҷуд аст, тақрибан коркард намешаванд. Яъне, эълонҳои ҷойи холии кор, ки аз тарафи мақомот пешниҳод мешаванд, баъди ишғоли ин ҷойҳо аз сомонаҳо гирифта намешаванд…”.

Зимнан, барои санҷиши ин суханон мо 15 адад эълони ҷойи кори холии охире, ки дар сомонаи “kor.tj” нашр шудааст, барои санҷиш интихоб намудем. Маълум гардид, ки охирон эълони (бойгонӣ) ҷои кор холӣ дар ин сомона 22-юми октябри соли 2018 нашр шудааст. Аз 15 адади эълони ҷойи кори холии охир, ки дар ин сомона нашр шудааст, 5-тои он дар моҳи сентябри соли 2018 ва 10-тои дигар дар моҳи октябри соли 2018 рост меояд.

Илова бар ин, масалан, дуюмин эълоне (бойгонӣ), ки тахминан аввали соли 2017 нашр шудааст, оид ба мавҷудияти вазифаи холии ҳуқуқшинос коршинос‑мутахассис дар Ташкилоти Ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” иттилоъ медиҳад, ҳамчун бемӯҳлат ишора шудааст.

Дар давоми қариб ду соли мавҷудияти ин сомона ҳам эълонҳои нав, ҳам қаблӣ дар маҷмӯъ 307 эълони ҷойи холии корӣ аз сомона бардошта нашудаанд ва ишора нашудааст, ки кадом ҷойи корӣ аллакай ишғол шудааст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ба суханони санҷидашудаи Наргис Урунова нисбат ба сомонаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳукмномаи “Ҳақиқат” барорем.

Ҳукмнома

Ёдовар мешавем, ки имрӯз мо суханони Қудратулло Қурбонов, Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Наргис Урунова, мутахассиси бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистонро, ки дар хабари зери сарлавҳаи «Қудратулло Қурбонов: Дар Тоҷикистон мушкили ҷои кор нест» (бойгонӣ) омадаанд, мавриди далелсанҷӣ қарор дода, ба чунин хулоса омадем:

Суханони Қудратулло Қурбонов ҳукмномаи “Дасткорӣ” ва “Дурӯғ” гирифта, ҳукмномаи суханони Наргис Урунова “Ҳақиқат” мебошад.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.


Аз сабаби таҷдиди сомонаи “Фараж” пайванд ба мақола тағйир ёфта, дар шакли пешинааш дастнорас аст. Аз ин рӯ пайванд ба маводи санҷидашуда низ дар ин ҷо низ тағйир дода шуд.

4 КОММЕНТАРИИ

  1. Хох боваред хох на, аблахед! Аблах!
    Ин чи далелсанчиест, ба хари кур хам ин гуфтахо равшан аст, ки асос надорад!
    Журналист хам барои нишон додани дуруги Кудратулло онро сарлавха кардааст!!!!

    • Ташаккур, ки вақтатонро дареғ надониста, мақоларо хондед ва фикратонро ин ҷо дарҷ кардед.
      Агар бо ҳукмномаи бароварда розӣ набошед, метавонед бо исбот кардани нодурустии ҳукмномаи баровардаи мо, мақолаи худро фиристед.
      Изҳороти мазкурро мо бо он мақсад санҷидем, ки дар хабари паҳншуда ягон далели қатъии ростӣ ё дурӯғиаш нест. Мутаассифона, муаллиф пеш аз нашри маводаш худро бо санҷиши иттилооти ҷамъовардааш ташвиш надодааст.
      Шумо, ки худ аз соҳаи журналистика бошед, пас бояд донед, ки ҳар иттилооте, ки паҳн мекунед, бояд ПЕШ аз нашр санҷида шавад. Ду фикрро муқобили ҳам овардан ин санҷиш нест. Санҷиш бо ҳуҷҷату далел мешавад. Агар муаллиф мақолаашро бе санҷиши далоили овардааш ба нашр расонад, пас маҷбур мешавем ин корро мо анҷои диҳем.
      Агар дар журналистика таъйиди маълумот (верификатсия) мавҷуд бошад, пас ба далелсанҷӣ (фактчек) ҳоҷат нест. Аммо, мутаассифона, чӣ хеле ки мебинед, ҳар чизе, ки шуниданд, ҳамонро рӯи қоғаз меоранд. На месанҷанд, на шубҳа мекунанд ба чизи шунидаву нашр кардаашон. Дар натиҷа мо чунин мақолаҳоро мебинем, ки пур аз дурӯғу дасткориҳо аст. Вазифаи журналист паҳн кардани дурӯғ нест. Вазифаву рисолати журналист – расонидани иттилооти рост ва ҳақиқӣ аст. Вагарна аз “занакои лаби об” ҳеҷ фарқе намекунад.
      Хонаоободу сарбаланд бошед, ҳар касе ки бошед!

      P.S. Ба мисли муаллифони далелсанҷиҳои ин сомона метавонистед нотарсида номи худро навистан гиред. Мо на таъкиб мекунему на меранҷем 🙂

  2. Салом ба Шумо даслелсанҷони гиромӣ, акаи Рустам ва Бародар Мазҳаб!
    Хушоянд аст, ки фактчек дар кишваримо низ рушд мекунад.

    Хабари мазкурро банда ба сомнаи фараж фиристодам. Медонистам, ки гуфтаҳои оқои Қурбонов дар ҳақиқат дасткорӣ ва дурӯғ буд, дурӯғе, ки аслан ҳоҷат ба санҷиш надошт. Аммо бугзор фактчек дар кишвари мо рушд кунад, бугзор далелсанҷони мо ҳам аз ин “миконот” истифода карда малакаи хешро тақвият диҳанд. Бугзор мансабдороне ба монанди оқои Қурбонов (бо вуҷуди тамоми эҳтиром нисбаташон) аз гуфтани сухани дурӯғ худдорӣ кунанд ва ҳар чизе, ки намедонанд нагӯянд.

    Хаста набошед далелсанҷони азиз!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь