Дасткорӣ | Омор: Дар зиндонҳои Русия бештар тоҷикистониён нигаҳдорӣ мешаванд

Чӣ санҷида шуд?

Сомонаи «Muhojir.news.tj» зери сарлавҳаи «Омор: Дар зиндонҳои Русия бештар тоҷикистониён нигаҳдорӣ мешаванд» (бойгонӣ) санаи 01 ноябри соли 2018 нашр кардааст. Якчанд рӯз қабл аз ин, санаи 27 ноябри соли 2018 сомонаи “Азия Плюс хабари «ФСИН РФ: В тюрьмах России из иностранцев больше всего граждан Таджикистана» (бойгонӣ) бо забони русӣ нашр намудааст. Дар ин хабарҳо бо такя ба шабакаи телевизионии 360tv.ru аз номи Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятии Федератсияи Россия иқтибоси зерин омадааст:

«Бино ба маълумоти Хадамоти мазкур (Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятии Федератсияи Россия – аз муаллиф), ба санаи 1 июли соли 2018 дар маҳбасҳои қаламрави Русия 27 ҳазору 780 нафар шаҳрвандони хориҷӣ адои ҷазо мекарданд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон мебошанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии 360tv.ru».

Сомонаи «Муҳоҷир.news.tj» лоиҳаи махсуси сомонаи «news.tj» мебошад, ки ба гурӯҳи расонаҳои «Азия плюс» мутааллиқ аст. То лаҳзаи омода намудани далелсанҷии мазкур хабарро дар сомонаи «news.tj» 6240 маротиба хонда, 4 нафар шарҳ гузоштаанд. Дар саҳифаи махсуси «Muhojir.news.tj» ин хабарро 64 маротиба дидаанд. Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» саҳифаи «ASIA-Plus Media Group»-ро (бойгонӣ) 40362 нафар пайгирӣ мекунанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустуҷӯ дар Google ва гузариш ба линкҳои дар ахбори санҷидашаванда овардашуда маълум кард, ки бори аввал хабари мазкур санаи 26 октября 2018, соати 08:00 дар сомонаи расмии “ТВ-Новости” мутааллиқ ба оҷонсии пропагандистии Руссия “Россия Сегодня” (Russia Today) бо такя ба манбаъи муътамади худ мавод таҳти сарлавҳаи «ФСИН: число иностранных заключённых в российских тюрьмах сократилось почти на 6%» (бойгонӣ) нашр намудааст. Бо ҳамин маъно бо такя ба “ТВ-Новости” сомонаҳои «Парламентская газета», шабакаи телевизионии 360tv.ru ва сомонаи news.ru мақолаҳои худро нашр кардаанд. Сомонаи «Sputnik» низ зери сарлавҳаи «ФСИН: среди заключеных в тюрьмах РФ находится большое количество таджиков» (бойгонӣ) нашр намудааст.

Дар хабари сомонаи “ТВ-Новости” (бойгонӣ) дар мавриди омор ва шумораи зиндониёни хориҷие, ки дар маҳбасҳои Россия нигоҳ дошта мешаванд, гуфта шудааст, ки барои санаи 1 июли соли 2018 дар маҳбасҳои Руссия 27 ҳазору 780 шаҳрвандони хориҷӣ адои ҷазо мекунанд ва дар байни онҳо аксарият шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон мебошанд.

Дар ягон хабари расонаҳо Руссия, ки дар боло зикр шудаанд, оид ба аз ҳама зиёд будани тоҷикистониён дар маҳбасҳои ин кишвар айнан қайд нашудааст. Танҳо вақте, ки аз кишварҳо ном бурда мешавад, аввал аз Тоҷикистон ёдовар мешаванд, ки ин маънои зиёд будани шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро исбот намекунад. Дар маҷмӯъ агар ба мазмуни ҳамаи хабарҳое, ки таҳти сарлавҳаҳои гуногун, аммо ба як мазмун дар сомонаҳои русӣ нашр гардидаанд, назар афканем, тақрибан ҳама якранг аст: Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятии Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки шумораи зиндониёни хориҷие, ки дар маҳбасҳои Россия нигоҳдорӣ мешаванд тахминан 6 фоиз кам шудааст. Яъне ишора ба кам шудани миқдори маҳбусони хориҷӣ карда мешавад. Аммо дар сарлавҳаи сомонаи “Muhojir.news.tj”, ки мавриди санҷиши мо қарор гирифтааст, ишора маҳз ба аксарият будани шаҳрвандони Тоҷикистон байни маҳбусони Руссия карда мешавад, ҳарчанд дар матни мақола исботи он оварда намешавад.

Мутаассифона, на дар сомонаи расмии Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятии Федератсияи Россия, на лоиҳаи омӯзиши ҳолати маҳбасҳои дунё Prisonstudies.org (бойгонӣ), ки ба Пажӯҳишгоҳи тадқиқи сиёсати ҷиноятӣ тааллуқ дорад, оид ба миқдори зиндониёне, ки дар маҳбасҳои Россия нигоҳдорӣ мешаванд, маълумоте дода нашудааст. Дар маводи “Muhojir.news.tj” низ ягон ишора ба оморе, ки миқдори маҳбусони тоҷикистониро дар маҳбасхонаҳои Руссия мушаххас мекунад, оварда нашудааст ва маълум нест, ки дар кадом асос дар сарлавҳаи мавод қайд шудааст, ки “дар зиндонҳои Русия бештар тоҷикистониён нигаҳдорӣ мешаванд”.

Ҳукмнома

Тавре далелсанҷӣ муайян намуд, на маводи баррасишавандаи сомонаи “Muhojir.news.tj” таҳти сарлавҳаи “Омор: Дар зиндонҳои Русия бештар тоҷикистониён нигаҳдорӣ мешаванд”, на маводи сомонаҳои Руссия, ки мақолаи санҷидашаванда ба онҳо такя мекунад, омори мушаххасро оид ба миқдори шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳбасхонаи Руссия намеоранд.

Дар умум, сарлавҳаи гузошташуда дар матни мақола низ шарҳ ва тасдиқи худро наёфта, мисоли рӯшани мушкили сомонаҳои онлайние мебошад, ки махсусан сарлавҳаҳои баҳсбарангезро мегузоранд, то ки бо роҳи дасткорӣ (манипулятсия) бо эҳсосоти миллатпарастии хонандагон бозӣ карда, онҳоро ба сомонаи худ ворид созанд, то ки миқдори хонандагони мақола зиёд шавад. Мушкилоти мазкур таҳти истилоҳи “кликбейт” машҳур буда, далел дасткории муҳаррирони сомона аст. Аз ин рӯ, мо раво донистем, ки ба маводи мазкур ҳукмномаи “Дасткорӣ” (манипулятсия) гузорем.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь