Дасткорӣ, Ҳақиқат ва Дурӯғ || Сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон ҳатто бо кишварҳои сатҳи даромадашон паст намерасад

Чӣ санҷида шуд?

Дар мақолаи зери сарлавҳаи «Сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон ҳатто бо кишварҳои сатҳи даромадашон паст намерасад» (бойгонӣ), ки 8 – уми ноябри соли 2018 соати 14:48 дар сомонаи «news.tj», нашр гардидааст, иқтибосҳои зерин омадааст:

Дар гузориши таҳлилии таҳиянамудаи Хазина (Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), – аз муаллиф) “Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” қайд мешавад, ки соли гузашта ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 801 долларро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти ХБА (Хазинаи байналмилалии асъор, аз муаллиф), соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дорои нишондиҳандаи пасттарин буд. Сатҳи бештари баланди ММД нисбат ба ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон – 8 762 доллар ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар Туркманистон – 6 643; Озарбойҷон – 4 141; Гурҷистон – 4 086; Арманистон – 3 857, Ӯзбекистон – 1 520 ва Қирғизистон – 1 208 долларро ташкил медиҳад.

…Соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 61 млрд. 93 млн. 600 ҳазор сомонӣ (беш аз 6,9 млрд. доллар бо қурби охири соли гузашта) баробар шуд. Афзоиши солонаи ММД тайи 8 соли охир ба ҳисоби миёна 6,9%-ро ташкил дод. Тибқи маълумоти расмӣ, шурӯъ аз соли 1998 афзоиши шумори солонаи аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна каме бештар аз 2%-ро ташкил медиҳад.

Ва, ниҳоятан, худи сарлавҳаи мақола низ мавриди санҷиш қарор гирифт:

Сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон ҳатто бо кишварҳои сатҳи даромадашон паст намерасад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Азбаски мақола аз се иқтибоси калон иборат аст, мо тасмим гирифтем, ки ҳар яки онро дар алоҳидагӣ санҷем ва ба ҳар яки он  ҳукмномаи алоҳида диҳем.

Иқтибоси аввал:

…соли гузашта ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 801 долларро ташкил додааст.

Дар бахши додаҳои бози сомонаи расмии Бонки ҷаҳонӣ (бойгонӣ) дар мавриди ҳаҷми ММД Тоҷикистон қайд шудааст, ки соли 2017 он ба 7145701018,7 доллари ИМА баробар буда, аҳолии кишвар 8 921 343 нафарро ташкил додааст. Дар асоси ин ду рақам ҳисоб кардан мумкин аст, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 801 долларро ташкил медиҳад:

ММД ба сари аҳолӣ = ММД / Аҳолӣ

Аз манбаъҳои дохилӣ, мо бештар сомонаи расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди ҷустуҷӯ қарор додем. Оид ба ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ маълумоти дақиқ пайдо накардем. Вале бо истифода аз маълумотҳои ҷудогона онро муайян намудем.

Маълумоти мазкурро инчунин дар манбаъҳои расмии давлатӣ низ ҷустуҷӯ намудем. Дар сомонаи Агентии омори назди Прзеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳисоботро пайдо карда, аз он нишондиҳандаҳои заруриро гирифтем. Шумораи аҳолии кишварро барои соли 2017 аз саҳифаи 9 нашрияи «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2018» ва аз саҳифаи 11 нашрияи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – декабр» – Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро. Ҳамин тариқ, барои ҳисоб кардани нишондиҳандаи Мақмӯи маҳсулоти дохили ба сари аҳолӣ аз формулаи дар боло овардашуда бори дигар истифода мебарем:

ММД ба сари аҳолӣ = 61093,6 млн. сомонӣ / 8742,8 млн. нафар = 6987 ҳазор сомонӣ

Яъне ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2017 тибқи ҳисоботи сомонаи Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6987 сомониро ташкил намудааст. Бо назардошти қурби рӯзи охири соли 2017, ки дар сомонаи Бонки миллии ҶТ дастрас аст (бойгонӣ),  маблағи ҳисобшуда ба 792,3 доллари ИМА баробар мешавад, ки аз рақами дар иқтибосомада ҳамагӣ 8 доллар фарқ мекунад.

Ҳукмнома. Бо назардошти он, ки ин фарқият ҳамагӣ 1%-ро ташкил дода, маълумот аз сомонаи Бонки ҷаҳонӣ ба пуррагӣ мувофиқат мекунад, барои ин қисмат мо ҳукмномаи “Ҳақиқат”-ро раво донистем.


Иқтибоси дуввум, аз ду қисм иборат буда, ба ҳам алоқаи зич доранд. Бинобар ин мо тасмими гирифтем, ки ҳардуи онро дар алоҳидагӣ санҷем, аммо ҳукмномаи умумӣ барорем.

Қисми аввал:

Бино ба маълумоти ХБА, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дорои нишондиҳандаи пасттарин буд.

Қисми дуввум:

Сатҳи бештар баланди ММД нисбат ба ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон – 8 762 доллар ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар Туркманистон – 6 643; Озарбойҷон – 4 141; Гурҷистон – 4 086; Арманистон – 3 857, Ӯзбекистон – 1 520 ва Қирғизистон – 1 208 долларро ташкил медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар минтақаи Қавқоз се кишвари соҳибистиқлол – Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон мавҷуд аст, ки мо нишондиҳандаҳои онҳоро ба назар мегирем.

Кишвар ММД ба ҳар сари аҳолӣ,

бо доллари ИМА*

ММД ба ҳар сари аҳолӣ,

бо доллари ИМА **

Озарбойҷон

4141

4184

Гурҷистон

4086

4068

Арманистон

3857

3813

Қазоқистон

8762

8792

Туркманистон

6643

6587

Ӯзбекистон

1520

1223

Қирғизистон

1208

1220

Тоҷикистон

801

801

* дар иқтибоси зери санҷиш қароргирифта

** маълумоти ёфтаи мо аз Бонки умумиҷаҳонӣ

Аз таҳлили маълумоти якуми дарёфта бармеояд, ки воқеан ҳам сатҳи ММД барои ҳар сари аҳолӣ дар байни мамолики минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон баландтарин буда, сатҳи пасттарини ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Инчунин, рақамҳое, ки дар сомонаи расмии Бонки умумиҷаҳонӣ оварда шудааст, ба рақамҳое ки дар иқтибоси мавриди санҷиш қарор гирифтааст, фарқи калон надорад. Инро аз диаграммаи зерин низ дидан метавонед:

ММД ба сари аҳолӣ
ММД ба сари аҳолӣ

Ҳукмнома. Дар ин асос иқтибоси дуввуми мақола соҳиби ҳукмномаи «Ҳақиқат» мегардад.


Иқтибоси сеюм  аз се қисм иборат аст, ки ҳар яки онро дар алоҳидагӣ месанҷем.

Қисми аввал:

Соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 61 млрд. 93 млн. 600 ҳазор сомонӣ (беш аз 6,9 млрд. доллар бо қурби охири соли гузашта) баробар шуд. Афзоиши солонаи ММД тайи 8 соли охир ба ҳисоби миёна 6,9%-ро ташкил дод.

Дар саҳифаи 11 нашрияи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – декабр», ки дар сомонаи Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, омадааст:

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ – декабри соли 2017 аз рӯи маълумоти фаврӣ 61093,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2016 бо нархҳои муқоисавӣ 107,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳукмнома. Ин маълумот дурустии иқтибоси санҷидашавандаро тасдиқ мекунад ва ба он мо ҳукмномаи “Ҳақиқат” мегузорем.

Қисми дуюм:

Афзоиши солонаи ММД тайи 8 соли охир ба ҳисоби миёна 6,9%-ро ташкил дод.

Дар мавриди афзоиши солонаи ММД дар Тоҷикистон мо аз нашрияи «Тоҷикистон дар рақамҳо 2017» ва «Тоҷикистон дар рақамҳо 2015» истифода намудем. Дар натиҷа, ҷадвали зеринро бо нишондиҳандаҳои ММД ҶТ барои солҳои 2009-2017 ташкил додем. Дар сутуни сеюм афзоиши ММД нисбати соли пештара бо фоиз нишон дода шудааст.

Сол

ММД, бо млн. сомони

Афзоиш нисбати соли гузашта, бо %

2009

20628,5

2010

24707,1 20%

2011

30071,1

22%

2012 36163,1

20%

2013

40525,5

12%

2014 45605,2

13%

2015 48401,6

6%

2016

54471,1 13%
2017 61093,6

12%

Ба ҳисоби миёна

14,6%

Барои ҳисоб кардани нишондиҳандаи миёна адади миёнаи арифметикии нишондиҳандаҳои афзоиши нисбиро ҳисоб мекунем:

Нишондиҳандаи миёна = (20% + 22% + 20% + 12% + 13% + 6% + 13% + 12%) / 8 = 14,6%

Яъне дар 8 соли охир ММД Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 14,6 фоиз афзоиш ёфтааст, на ин ки 6,9%, чӣ хеле, ки дар мақолаи санҷидашаванда омадааст.

ММД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2017
ММД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2017

 

Ҳукмнома. Аз сабаби он, ки дар мавод тағйирёбии ММД зиёда аз 2 маротиба кам нишон дода шудааст, ба ин қисмати иқтибос ҳукмномаи “Дурӯғ” мегузорем.

Қисми сеюм:

Тибқи маълумоти расмӣ, шурӯъ аз соли 1998 афзоиши шумори солонаи аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна каме бештар аз 2%-ро ташкил медиҳад.

Дар саҳифаи 6, 7, 8, 9 нашрияи «Демографияи солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 соли истиқлолияти давлатӣ», ки дар сомонаи расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, оид ба афзоиши солонаи аҳолӣ дар кишвар ба таври мухтасар омадааст.

Сол Аҳолӣ, млн. нафар Афзоиш нисбати соли гузашта, бо %
1998 5878,8
1999 6001,3 2%
2000 6128,5 2%
2001 6264,6 2%
2002 6371,2 2%
2003 6487,1 2%
2004 6598,8 2%
2005 6718,9 2%
2006 6842,2 2%
2007 6965,5 2%
2008 7096,9 2%
2009 7250,8 2%
2010 7417,4 2%
2011 7621,2 3%
2012 7807,2 2%
2013 7987,4 2%
2014 8161,1 2%
2015 8352 2%
2016 8551,2 2%
2017 8742,8 2%
2018 8931,2 2%
Ба ҳисоби миёна 2%

Чӣ хеле, ки мебинед, шурӯъ аз соли 1998 афзоиши шумори солонаи аҳолии Ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 2%-ро ташкил намудааст.

Шурӯъ аз соли 1998 аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 2% ҳар сол зиёд мешавад.
Шурӯъ аз соли 1998 аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 2% ҳар сол зиёд мешавад.

Ҳукмнома. Дар асоси ин ба қисмати сеюми иқтибоси санҷидашаванда мо аз рӯи санҷиши хеш ҳукмномаи «Ҳақиқат» мебарорем.


Иқтибоси чорум:

Сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон ҳатто бо кишварҳои сатҳи даромадашон паст намерасад.

Бонки ҷаҳонӣ тамоми кишварҳои дунёро вобаста ба сатҳи даромад ба 4 гурӯҳ тақсим мекунад:

  1. Кишварҳои сатҳи даромадашон паст – то 995 доллари ИМА сари аҳолӣ
  2. Кишварҳои сатҳи даромадашон аз миёна поён – аз 996 то 3895 доллари ИМА сари аҳолӣ
  3. Кишварҳои сатҳи даромадашон аз миёна боло – аз 3896 то 12055 доллари ИМА сари аҳолӣ
  4. Кишварҳои сатҳи даромадашон баланд – зиёда аз 12056 доллари ИМА сари аҳолӣ

Вобаста ба ин, Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба гурӯҳи аввал, яъне кишварҳои сатҳи даромадашон паст (бойгонӣ) дохил кардааст ва суханони санҷидашаванда мантиқан беасосанд, чунки нест кишваре, ки ба гурӯҳи аввал нарасад. Ҳар қадар нишондиҳандаи кишвар паст бошад ҳам, он ҳадди ақал ба гурӯҳи аввал дохил мешавад, чунки аз ин пасташ вуҷуд надорад.

Ҳукмнома. Вобаста ба он, ки муаллифони мақола чунин сарлавҳаро бо эҳтимоли зиёд бо мақсади ҷалби хонанда гузошта, мантиқан он нодуруст аст, ҳукмномаи ин қисмат “Дасткорӣ” мешавад.

Ҳукмномаҳо

Ёдовар мешавем, ки мо иқтибосҳои овардашуда аз мақолаи зери сарлваҳаи «Сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон ҳатто бо кишварҳои сатҳи даромадашон паст намерасад», ки 8 – уми ноябри соли 2018 дар сомонаи «news.tj», нашр гардидааст, мавриди санҷиш қарор дода, ба чунин хулоса омадем:

Иқтибоси аввал

Дар гузориши таҳлилии таҳиянамудаи Хазина (Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), – аз муаллиф) “Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” қайд мешавад, ки соли гузашта ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 801 долларро ташкил додааст.

Ҳукмнома – Ҳақиқат.

Иқтибоси дуюм

Қисми якум:

Бино ба маълумоти ХБА (Хазинаи байналмилалии асъор, аз муаллиф), соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дорои нишондиҳандаи пасттарин буд.

Ҳукмнома – Ҳақиқат.

Қисми дуюм:

Сатҳи бештари баланди ММД нисбат ба ҳар сари аҳолӣ дар Қазоқистон – 8 762 доллар ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар Туркманистон – 6 643; Озарбойҷон – 4 141; Гурҷистон – 4 086; Арманистон – 3 857, Ӯзбекистон – 1 520 ва Қирғизистон – 1 208 долларро ташкил медиҳад.

Ҳукмнома – Ҳақиқат.

Иқтибоси сеюм

Қисми якум:

…Соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 61 млрд. 93 млн. 600 ҳазор сомонӣ (беш аз 6,9 млрд. доллар бо қурби охири соли гузашта) баробар шуд.

Ҳукмнома – Ҳақиқат.

Қисми дуюм:

Афзоиши солонаи ММД тайи 8 соли охир ба ҳисоби миёна 6,9%-ро ташкил дод.

Ҳукмнома – Дурӯғ.

Қисми сеюм:

Тибқи маълумоти расмӣ, шурӯъ аз соли 1998 афзоиши шумори солонаи аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна каме бештар аз 2%-ро ташкил медиҳад.

Ҳукмнома – Ҳақиқат.

Иқтибоси чорум

Сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон ҳатто бо кишварҳои сатҳи даромадашон паст намерасад.

Ҳукмнома – Дасткорӣ.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь