Ҳақиқат | Тоҷикистон дар раддабандии роҳҳои босифат дар ҷойи 44-ум қарор дорад

0
30
ҲАҚИҚАТ | Тоҷикистон дар раддабандии роҳҳои босифат дар ҷойи 44-ум қарор дорад
ҲАҚИҚАТ | Тоҷикистон дар раддабандии роҳҳои босифат дар ҷойи 44-ум қарор дорад

Чӣ санҷида шуд

Бино ба иттилои маводи «Настоящее время» дар шабакаи иҷтимоии «Facebook», Тоҷикистон дар раддабандии роҳҳои босифат миёни 140 давлат мақоми 44-умро касб намудааст.

Иттилоот дар шакли Инфографика таҳти сарлавҳаи «Роҳҳои беҳтар дар куҷо» оварда шуда, тайи чанд рӯзи ахир боиси баҳсу навиштаҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоии давлатҳои пешини шӯравӣ, аз ҷумла миёни тоҷикистониён гаштааст.

Ин мавод дар саҳифаи расмии фейсбукии «Настоящее время» рӯзи 13 ноябри соли 2018 нашр шуда, ба он то санаи 24 ноябри соли равон 833 нафар «Like» мондаанд ва 126 кас зери ин мавод шарҳу эзоҳ навишта, 581 тани дигар дар саҳифаҳои шахсии худ ё гурӯҳҳои дигар паҳн (share) кардаанд.

Мақоме, ки Тоҷикистон (44) дар ин раддабандӣ касб намудааст, моро ба шубҳа овард ва аз ин рӯ, маводи мазкур мавриди далелсанҷӣ қарор гирифт.

Чӣ гуна санҷида шуд

Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки ин раддабандиро санаи 16 ноябри соли равон яке аз хабаргузориҳои Молдова бо номи «Point.md» (бойгонӣ) низ дар мисоли кишвари худ нишон дода, дар хабар роҳҳои Тоҷикистонро байни роҳҳои кишварҳои пасошӯравӣ аз «беҳтаринҳо» унвон кардааст. Хабарро ҳудуди 9100 нафар тамошо карда, ба он бештар аз 150 кас шарҳ гузоштааст.

Бояд гуфт, ки ин раддабандӣ бори нахуст 16 октябри соли 2018 дар саҳифаи «World Economic Forum» ё «Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ» (бойгонӣ (pdf)) нашр шудааст. Ин ниҳод ҳамасола дар гузориши «Шохиси ҷаҳонии рақобатпазирӣ» дар бахши «Роҳҳои босифат» (бойгонӣ (pdf)) раддабандии вижаеро тартиб медиҳад, ки имсол миёни 140 давлати дунё Тоҷикистон ҷойи 44-умро касб намудааст.

Дар ин раддабандӣ аз ҳама роҳҳои босифат дар Сингапур пазируфта шуда, аз ҳама бесифат дар Мавритания гуфта шудааст.

Ҳукмнома

Тавре далелсанҷӣ маълум кард, хабари дар ҷойи 44-ум қарор гирифтани Тоҷикистон дар «Шохиси ҷаҳонии рақобатпазирӣ» оид ба роҳҳои босифат, «Ҳақиқат» аст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Журналист, медиа-тренер, далелсанҷ. Муҳаррири сомонаи Factcheck.tj. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ак. Б.Ғафуровро бо ихтисоси "Журналист" хатм намудааст. Таҷрибаи кориро дар ВАО соли 2007 оғоз намудааст. Аз соли 2012 бо гузародани таҳқиқотиҳои журналистӣ машғул шуда, аз соли 2014 дар ҷодаи журналистикаи чандрасонаӣ фаъолият мебарад.

Журналист, фактчекер. В 2015 году окончила журналистский факультет Национального университета Таджикистана. Со студенческих лет сотрудничает с новостными изданиями страны. Занимается журналистскими расследованиями. Поскольку фактчекинг является неотъемлемой частью журналистских расследований, хочет развить свой потенциал также в этом направлении.

Шарҳи худро гузоред