Дурӯғ | Дар соли 2018 аз Тоҷикистон 790 116 нафар бо мақсади кор ба Руссия сафар кардаанд

Чӣ санҷида шуд?

Дар сомонаи sputnik-tj.com санаи 13.11.2018 соати 19:11 хабаре зери сарлавҳаи “Тоҷикистон аз ҳисоби шумораи муҳоҷиронаш дар Русия дувум аст” (бойгонӣ) бо такя ба ташкилоти ҷамъиятии “Федератсия муҳоҷирони Русия” нашр шудааст. Дар он хабар чунин иқтибосҳо оварда шудааст:

Дар соли 2018 аз Тоҷикистон 1 745 554, аз ҷумла 790 116 нафар бо мақсади кор, ба Русия сафар кардаанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҷустуҷӯ дар Google ба линкҳои дар ахбори санҷидашаванда овардашуда маълум кард, ки бори аввал ба ин монанд хабарро Агентии иттилоотии “ТоҷикТа” санаи 27-уми июли соли 2018 нашр кардааст. Ҳамзамон, расонаҳои дохилӣ “Азия плюс”, “Sugdnews», “Авесто”,  “Диалог” ва ҳамзамон сомонаҳои берун аз кишвар ба мисли “Подробно.уз”, “Тренд.аз”, “Дело” ва сомонаҳои дигар дақиқан чунин маълумотро бо такя ба ташкилоти ҷамъиятии “Федератсия муҳоҷирони Русия” дар ин маврид бознашр ва бознависӣ карда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд.

Тамоми расонаҳои дохиливу хориҷӣ, ки ин маълумотро паҳн намудаад, ба линке, ки воқеан ҳам гӯяндаи ин оморҳо бошад, ишора накардааст. Ҳамзамон, барои дарёфти чунин маълумот, ба сомонаи расмии Федератсияи муҳоҷирони Русия http://www.fmr-online.ru/ ворид шудем, вале мутаассифона чунин маълумот пайдо накардем.

Дар сомонаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дарёфт намудем, (бойгонӣ), ки дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти 9 моҳаи Вазорат гузориши матбуотӣ додааст, тамоман ин гуфтаҳоро рад мекунад, яъне шумораҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар ин сомона вобаста ба мавзӯи мо чунин маълумот дода шудааст:

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз ҷумҳурӣ 359 054 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз инҳо 310 359 нафар мард ва 48 695 нафар зан мебошанд. Аз ҷумла, ба Федератсияи Россия 343 912 нафар ва ба Қазоқистон 9 571 нафар сафар кардаанд. Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 344 нафар, ё ин ки 8 % кам шудааст.

Дар баробари ин, чӣ хеле ки ҳуқуқшиноси соҳаи муҳоҷират Улуғбек Авезов, корманди ташклоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон”, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мекуна, шарҳ дод, ки тибқи меъёрҳои қисми 1 моддаи 5 Қонуни федералӣ “Дар барои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Руссия” (бойгонӣ) чунин омадааст, аз рӯзи воридшавӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба муҳлати 90 рӯз, яъне се моҳ дар ҳудуди Русия будубош намояд.

Инчунин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 5 қонуни мазкур, дар ҳолати гузаштани муҳлати патенти шаҳрванди хориҷӣ ё ин ки бекор шудани он,  шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳудуди кишвари Русияро тарк намоянд.

Шаҳрванде, ки дар муҳлати як моҳ аз рӯзи воридшавӣ патентро ба даст нагирифт, бояд пас аз се моҳ ҳудуди сарзамини Русияро тарк намояд. Дар асоси қонунгузории Русия пас аз гузашти 90 рӯзи дигар қуқуқ пайдо мекунад, ки дигарбора ба ҳудуди Русия ворид шавад

– инчунин қайд намуд ҳуқуқшинос.

Ҳолати мазкур ба он оварда мерасонад, ки қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар давоми сол якчанд маротиба аз ҳудуди Федератсияи Руссия ба ҳамсоякишварҳо баромада, пас аз муддати кӯтоҳ бармегарданд. Дар натиҷа як нафар якчанд маротиба ҳисоб шуда, дар ҳисоботҳои мақомоти давлатии Руссия миқдори муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ аз асл зиёд нишон дода мешаванд.

Ҳукмнома

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар сомонаи sputnik-tj.com бо такя ба ташкилоти ҷамъиятии “Федератсия муҳоҷирони Русия” баробар ба 790 116 нафар нишон дода шудааст, ба ҳақиқати ҳол наздик нест ва ҳукмномаи “Дурӯғ” мегирад.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь