Чӣ санҷида шуд?
Бино ба иттилои хабаргузории «IslamToday» (бойгонӣ), олим ва пизишки яманӣ Шайх Абдулмаҷид Зиндонӣ дар бораи муқовимат бо Вируси Норасоии Масунияти Одам ва Бемории Пайдошудаи Норасоии Масуният (ВИЧ/СПИД) доруеро ихтироъ намудааст. Ӯ барои табобати ин беморӣ аз Созмони Ҷаҳонии Моликияти Маънавӣ (WIPO) соҳиби патент шудааст.
Дар маҷмӯъ, ин хабар то куҷо ба ҳақиқат наздик аст, мавриди далелсанҷӣ қарор додем, чун бархе аз ҳамвататони мо низ ба хабари мазкур бовар карда, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ паҳн кардаанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Хабари мазкур бори нахуст 22 сентябри соли 2012 дар шабакаи «Ал-Ҷазира» (бойгонӣ) ба таври мухтасар нашр шудааст. Вале хабаргузории «IslamToday» (бойгонӣ) 24 сентябри соли 2012 бо истинод ба шабакаи «Ал-Ҷазира» хабари мазкурро муфассал дар саҳифааш нашр кардааст, ки онро беш аз 20 ҳазору 500 нафар тамошо намудаанд. Аммо ин хабар баъд аз се сол, яъне соли 2015 бештар расонаӣ мегардад ва ҳоло дубора дар сархати шабакаҳои иҷтимоӣ низ мечархад. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки Зиндонӣ 21 сентябри соли 2012 гӯиё барои ихтирои доруе бар зидди ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) аз сӯйи Созмони Ҷаҳонии Моликияти Маънавӣ соҳиби патент шуда, то имрӯз беш аз 400 нафарро табобат намудааст. Табобати он ройгон аст.
Дар ҳамин ҳол, як корбари портали иттилоотӣ-тиббии ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ СФШҒ-Тоҷикистон (СПИД Фонд Шарқ-Ғарб) (бойгонӣ), ки дар самти беҳтар намудани саломатии гурӯҳҳои асосии аҳолиe, ки хатари сирояти ВНМО доранд, фаъолият мебарад, 21 сентябри соли 2015 хабари мазкурро дар саҳифаи ин ташкилот гузошта, хоҳиш намудааст, то шарҳ диҳанд.
Дар ҷавоб ба суоли ин корбар Умед Талбов (бойгонӣ) ном мутахассис пайдо шудани чунин хабарро таъйид намуда, таъкид кардааст, «то он даме, ки ин намуд доруи табобатӣ аз сӯйи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тасдиқ нагардад ва барои табобат тавсия нашавад, дар ин бора мушаххасан чизе гуфта намешавад…».
Дар ҷустори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ маълум гардид, ки дар ин бора маълумоте ба нашр нарасидааст.
Зимнан Созмони Ҷаҳонии Моликияти Маънавӣ, ки Шайх Абдулмаҷид Зиндонӣ даъво дорад, маҳз аз ин ниҳод соҳиби патент шудааст, мавриди санҷиш қарор гирифт. Тавре муайян гардид, воқеан ҳам Зиндонӣ 2 октябри соли 2009 барои ба даст овардани патент доир ба ихтирооташ ба ин ниҳод (бойгонӣ) муроҷиат намудааст. Идораи байналмилалии ин созмон 14 октябри соли 2009 онро ба даст оварда, дархост барои ихтирооти Зиндониро 7 апрели соли 2011 дар саҳифааш нашр намудааст.
24 ноябри соли 2018 Созмони Ҷаҳонии Моликияти Маънавӣ дар ин бора иттилоъ пахш намудааст (бойгонӣ), ки дархости Зиндонӣ ҳоло ҳам дар баррасӣ аст, яъне ӯ ҳоло соҳиби патент барои ихтирооти худ нашудааст.
Ҳукмнома
Далелсанҷӣ муайян намуд, ки хабари соҳиби патент шудани олим ва пизишки яманӣ Шайх Абдулмаҷид Зиндонӣ дар бораи муқовимат бо Вируси Норасоии Масунияти Одам ва Бемории Пайдошудаи Норасоии Масуният (ВИЧ/СПИД) дар хабаргузориву шабакаҳои иҷтимоӣ «Дасткорӣ» аст, яъне дархост барои гирифтани патент аз ҷониби Абдулмаҷид Зиндонӣ супорида шудааст, аммо он ҳоло дар сатҳи баррасӣ буда, патент барои ихтироот дода нашудааст.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.