Дасткорӣ | Муҳоҷирон дар Челябинск аз таксиронӣ маҳрум шуданд

Чӣ санҷида шуд?

Дар сомонаи Радиои Озодӣ 14-уми ноябри соли 2018 бо сарлавҳаи «Муҳочирон дар вилояти Челябински Федератсияи Россия аз таксиронӣ маҳрум шудаанд» маводе нашр шуд, ки тибқи он гӯё муҳоҷирон дар вилояти Челябински Федератсияи Россия аз ҳуқуқи рондани нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ маҳрум гардиданд (бойгонӣ). Дар матни мақола қайд гаштааст, ки “Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ҳақ надоранд, аз соли оянда дар яке аз бузургтарин вилоятҳои саноатӣ ва муҳоҷирпазири Русия ба таксиронӣ, мусофиркашӣ машғул шаванд”.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Дар натиҷаи омӯзиши як қатор санадҳои ҳуқуқии Руссия, мо муайян намудем, ки ташаббус оид ба маҳрум кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳуқуқи машғул шудан ба таксиронӣ аллакай чандин сол аст баррасӣ мешавад. Думаи давлатии Федератсияи Россия 7-уми майи соли 2013 қонуни “Бехатарии ҳаракат дар роҳ ва хуқуқвайронкунии маъмурӣ”-ро қабул кард, ки бар асоси ин қонун дигар муҳоҷирон бе шаҳодатномаи ронандагии русӣ наметавонанд ба мусофиркашонӣ машғул шаванд (бойгонӣ).

Дар вилояти Челябинск қарор оид ба манъ намудани ҷалби хориҷиёне, ки тибқи патент фаъолият мекунанд, ба кор дар таксӣ бори аввал қабул нашудаистодааст. Қарорҳо айнан бо чунин мазмун давоми 5 сол қабул мешаванд ва то имрӯз солҳои 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 фаъолият бурдани хориҷиёне, ки соҳиби патент мебошанд, ба ҳайси ронандаи нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла таксӣ, дар вилояти Челябинск манъ шудааст.

Илова бар ин, ҳарчанд дар маводи Радиои “Озодӣ” дарҷ гардидааст, ки “Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ҳақ надоранд, аз соли оянда … ба таксиронӣ, мусофиркашӣ машғул шаванд” дар қарорҳои номбурда мушаххасан қайд нагаштааст, ки маҳз шаҳрвандони мамолики Осиёи Марказӣ аз ин ҳуқуқ маҳрум мешаванд.

Ҳукмнома

Натиҷаи санҷиш муайян намуд, ки хориҷиёне, ки тибқи патент дар вилояти Челябински Федератсияи Руссия фаъолият мебаранд, аллакай 4 сол аст, ки аз ҳуқуқи ҳамчун ронандаи таксӣ кор кардан маҳруманд. Соли 2019 панҷум сол мешавад, ки шаҳрванди хориҷии дорои патент имконияти ронандаи таксӣ буданро надорад. Чунин қарорҳои ҳар сол дар давоми 5 соли охир қабул мешаванд. Пешниҳод кардани ин хабар ҳамчун хабари нав аз мантиқ дур аст. Дар аксар маврид пешниҳоди хабарҳои кӯҳна дар шакли хабари нав бо мақсади зиёд кардани трафик ба сомона амалӣ мегардад ва боз як нишонаи мушкили “кликбейт” аст. Аз ин рӯ ин хабар ҳукмномаи “Дасткорӣ” мегирад.

Сулаймон СУЛТОНОВ


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь