Ҳақиқат | Гӯсолаи якчашма

Чӣ санҷида шуд?

Хабаргузории «Tajikistantimes» санаи 23 январи соли 2019 дар саҳифаи интернетиаш хабареро таҳти унвони «Гӯсолаи якчашма» (бойгонӣ) чоп намуд, ки аз ба дунё омадани гӯсолаи якчашма дар ноҳияи Бардхамани Банголияи ғарбӣ дар Ҳиндустон дарак медиҳад. Дар хабар аз ҷумла омадааст, ки «гов дар кишвари Ҳиндустон ҷонвари муқаддас ба шумор меравад, бинобар ин, мардуми Ҳинд ин гӯсолаи булаҷабро мӯъҷиза пиндошта, дар наздаш саҷда мекунанд…».

Ҳақиқат | Гӯсолаи якчашма
Ҳақиқат | Гӯсолаи якчашма

Аз сабаби он ки тавлиди гӯсолаи якчашма ҳодисаи ғайритабиӣ мебошад, тасмим гирифтем, ки онро мавриди далелсанҷӣ қарор диҳем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҳангоми санҷиш тариқи ҷусторҳои Google ва Yandex маълум гардид, ки ин иттилоъ бори аввал, 7 январи соли 2019 ба нашр расидааст. Иттилои мазкурро аввалиншуда хабаргузории «The Sun» (бойгонӣ) чоп карда, баъдан онро хабаргузории «DailyMail» (бойгонӣ) дар нимарӯзи 7 январи соли равон ва «Вечерняя Москва» (бойгонӣ) бошад, бо истинод ба хабаргузории «The Sun» санаи 8 январи соли равон бознашр намудааст.

Санҷиши акс дар захираи 29a.ch, ки имконияти таҳлил аксҳо ва мавриди таҳрир қарор доштан ё надоштани онро медиҳад, нишон дод, ки бо эҳтимолияти зиёд акс мавриди таҳрир қарор дода нашуда, аслӣ мебошад.

Умуман, аз нуқтаи назари илми биология, тахминан дар 1 ҳолат аз миллион эҳтимолияти аз сабабҳои бемориҳои ирсӣ ба дунё омадани мавҷудоти дорои як чашм мавҷуд буда, дар Гуруӯҳбандии байналхалқии бемориҳо зери мафҳуми “Сиклопия” маълум аст.

Ҳукмнома

Хабаргузории «Tajikistantimes» маводи «Гӯсолаи якчашма»-ро санаи 23 январи соли равон пешкаш намудааст. Мутаассифона, ин сомона ба ягон манбаъ пайванде намеорад, ки аз нуқтаи назари эҳтироми меҳнати ҳамкасбон хуб мешуд, ки ҳангоми истифодаи иттилооти дигар расона, ба он такя карданро ишора кунанд. Ба ҳар ҳол, мавҷудияти ин гӯсола ҳақиқат буда, маводи мазкур ҳукмномаи «Ҳақиқат» мегирад.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь