Дурӯғ | Насӯхтани хонаи мусалмон боиси мусалмон шудани чандин нафар дар Амрико шуд

Чӣ санҷида шуд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, як акси сӯхтори бинои баландошёна ба чархиш даромад, ки дар он дида мешавад бисёре аз ҳуҷраҳо дар ҳоли оташ гирифтан аст, вале яке аз онҳо эмин мондааст.

Азиз Умаров, корбари Фейсбук, рӯзи 25-уми январи соли 2019 аксро бо зерматн чоп кард (бойгонӣ) ва аз дигарон ҳам хост, ки ба дӯстонашон бифристанд. Вай иддао дорад, ки сӯхтор дар Амрико иттифоқ афтодааст ва хонае, ки аланга нагирифт, аз як марди мусалмон буд.

Умаров гуфтааст, ба сабаби онки воқеа боис ба намоиш додани қудрати дини мубини Ислом нашавад, расонаҳои яҳудӣ аз чопи он худдорӣ карданд. Ӯ навиштааст, «сардори оташнишонӣ дар Амрико гуфт, вақте вориди манзил шудем, дидем, ки марди мусалмон намоз мехонд».

Корбари тоҷики Фейсбук дар идома нақл кардааст, ки оташнишонҳо аз марди мусалмон хостаанд, то ба берун барояд, чун тавони хомӯш кардани сӯхторро надоранд. Он мард дар ҷавоб гӯиё гуфтааст, «ман дуо кардам, то борон биборад ва сӯхторро хомӯш кунад».

«Сардори оташнишонӣ дар Амрико гуфт, ҳарфҳои он мард тамом нашуда буд, ки борон омад ва сӯхторро хомӯш кард», – навиштааст Азиз Умаров. Муаллиф мегӯяд, бо дидани ин саҳна ҳамаи касоне, ки шоҳидаш буданд, дини исломро қабул карданд.

Аз сабаби он, ки эҳсосоти динии хонандагон аксар вақт ҳамчун воситаи дасткорӣ нисбати онҳо истифода мешавад, мо ба қарор омадем, ки маълумоти зикргардидаро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ин акс бо чунин зерматн аз чанд ҷиҳат, аз ҷумла чӣ гуна аз чашми расонаҳои Амрико дур мондани ҳодиса ва хомӯш шудани сӯхтор бо оби борон, суолбарангез буд. Инчунин, дар матн дақиқ нагуфтаанд, ки сӯхтор кадом сол ва дар кадом шаҳру иёлати Амрико рух додааст.

Ҷустуҷӯи акс дар Google суроғаи якчанд сомонаҳоро нишон дод. Онҳо сомонаҳои Мисрӣ буда, доир ба сӯхтор дар минтақаи Рувайяи шаҳри Қоҳира гузориш медоданд.

Расонаҳои мисрӣ на фақат ин акс, балки даҳҳо акси дигар аз ин ҳодисаро нашр карда, сӯхторро аз чаҳор гӯшаи бино намоиш додаанд. Бо истифода аз вебсайти www.tineye.com дарёфтем, ки бори аввал ин акс дар хабаргузории “Ал-Муҷаз” рӯзи душанбеи 9-уми майи соли 2016 истифода шудааст.

Расонаҳои Миср навиштаанд, дар он сол дар яке аз фурӯшгоҳҳои баландошёна, ки дар он дӯконҳои либосфурӯшӣ, тиҷорати пойафзол ва таҷҳизоти пластикӣ воқеъ буд, сӯхтор зад. Дар натиҷа, ба иттилои расонаҳои мисрӣ, беш аз 238 дӯкон ба коми оташ рафтааст.

Тибқи иттилои расмии дар расонаҳои маҳаллии Қоҳира овардашуда, дар натиҷаи сӯхтор 75 нафар захмӣ шудааст.

Он хонае, ки аз сӯхтор эмин монд, тасодуфе беш нест.

Ҳукмнома

Тавре далелсанҷӣ маълум кард, хабар ва акси санҷидашуда, ки гӯё дар бораи сӯхтор дар Амрико, ки боиси мусалмон шудани чандин нафар шудааст, “Дурӯғ” аст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь