Иштибоҳ дар далелҳо | Муаллимони кишварҳои мухталифи ҷаҳон чӣ қадар маош мегиранд?

Чӣ санҷида шуд?

Ҳафтаномаи  «ASIA-Plus» санаи 2 феврали соли 2019 хабарери таҳти унвони “Муаллимони кишварҳои мухталифи ҷаҳон чӣ қадар маош мегиранд? (Сколько получают учителя в разных странах мира)” дар саҳифаи интернетии худ ҷой додааст (бойгонӣ). Дар хабар гуфта шудааст, ки муаллимон дар Тоҷикистон 140 доллари ИМА маош мегиранд ва ин пасттарин нишондод, дар қиёс ба дигар кишварҳои дар раддабандӣ қароргирифта мебошад. Хабари мазкурро то замони санҷиши мо теъдоди 4 ҳазору 204 нафар аз назар гузаронидаанд. Дар зери мавод  7  ишораи «писанд» (лайк) ва 25 нафар онро «писанд не» -ро пахш кардаанд ва хонандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ онро қисмат кардаанд.

Иштибоҳ дар далелҳо | Муаллимони кишварҳои мухталифи ҷаҳон чӣ қадар маош мегиранд?

Чӣ гуна санҷида шуд?

«ASIA-Plus» ин матлабро дар такя ба раддабандии Kaktakto пахш кардааст. Сомонаи “Кaktakto” маводи мазкурро бо назардошти таҳлил ва маълумотҳои омории Бонки марказии Русия, Ташкилоти рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сомонаи “Настояшее время” омода кардааст (бойгонӣ).

Ҳаҷми маоши муаллимон дар  Тоҷикистон, ки ин раддабанди муайян намудааст (140 доллар), моро ба шубҳа овард ва аз ин рӯ, маводи мазкур мавриди далелсанҷӣ қарор гирифт. Дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши кормандон аз омӯзгори оддӣ то кормандони роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоӣ касбӣ (аз ҷумла мактаб-интернатҳо, гимназия, литсейҳо) аз 432 то 857 сомонӣ вобаста ба соати корӣ, категория ва дараҷаи таҳсилот муайян карда шудааст (бойгонӣ).

Музди маоши омӯзгорони дорои таҳсилоти олии касби ва дараҷаи олӣ тибқи муқаррароти Вазорати маориф ва илми кишвар бо воҳиди пурраи кори 779 сомониро ташкил медиҳад. Аз сабаби он, ки аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф 15% баланд бардошта шуд ва баъди  баланд шудани маош музди маоши омӯзгорон, ки қаблан 779 сомонӣ буд, ҳамакнун 895,8 сомониро  ташкил медиҳад.  Ин дар ҳолест, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон барои санаи 03 феврали соли 2019 қурби доллари ИМА ба 9.4384 сомонӣ барои 1 доллар муқаррар шудааст (бойгонӣ), ки мувофиқи он 895,8 сомонӣ ба 95 доллари ИМА баробар аст.

Ҳатто дар ҳолате, ки мо агар ба ба музди маоши омӯзгорони дорои дараҷаи олии касбӣ ва таҳсилоти олӣ (895,8 сомонӣ) музди иловагӣ барои фаъолияти роҳбари синфи 15% ва тафтиши дафтари корҳои хаттӣ 15% ҳамроҳ кунем, ҳаҷми музди маоши омӯзгор ба 1 ҳазору 164,55 сомонӣ баробар мешавад, ки ин модули 123,5 доллари ИМА аст.

Ҳукмнома

Дар ҳоле, ки дар раддабандии бо ишора бар сомонаи “Кaktakto” овардаи «ASIA-Plus» маоши омӯзгорони мактаб дар Тоҷикистон 140 доллари ИМА ҳисоб шудааст, маблағи мазкур бо назардошти курби асъори миллӣ ба 1 ҳазору 320 сомонӣ баробар аст. Аз ин рӯ мо ҳангоми санҷиши далели мазкур ба хулосае расидем, ки сомонаи “Кaktakto” ва «ASIA-Plus», ки бе санҷиши факту рақамҳо ин матлабро чоп ва иштибоҳи болоро такрор кардааст, ба “Иштибоҳ дар далелҳо” роҳ додаанд.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь