Фактчекnews | Журналистони вилоят «FactCheсk»-ро омӯхтанд

Давоми се рӯз 20 нафар аз журналистони вилояти Суғд «FactCheсk» омӯхтанд.

Дар ҷараёни тернинг иштирокчиён доир ба муҳимияти далелсанҷӣ ва тафаккури интиқодӣ, абзорҳои санҷиши мавод ва усули кор бо онҳо ва дигар масоили марбут ба далелсанҷӣ маълумот пайдо намуданд.

Дар тренинги омӯзишӣ аз ҷониби медиа-теренерон Ҷамшед Маъруф ва Гузал Маҳкамова зарурати шинохти иттилооти саҳеҳу дурӯғ ва тарзи санҷиши онҳо аз манбаъҳои боз шарҳ дода шуд.

Ҷамшед Маъруф, медиа-тренер, журналист ва муҳаррири FactCheckTJ гуфт, «иштирокчиён тайи се рӯз кор бо абзорҳои гуногун, аз ҷумла тарзи дурусти санҷиш дар ҷусторҳои Google ва Yandex, роҳҳои санҷидани далелу иттилоъ ва аксу навор, кор бо манбаъҳои боз ва амсоли инро омӯхтанд».

Гуфта мешавад, тренинги мазкур бо мақсади рушди тафаккури интиқодӣ ва баланд бардоштани малакаи касбию саводи расонаии журналистон роҳандозӣ шудааст.

Фариза Ҳувайдуллоева, журналист аз ноҳияи Ашт мегӯяд, фактчекинг ба ҷомеаи имрӯза, ки иттилоот хеле тез паҳн мешавад, басо муҳим аст: «Чун муайян кардани хабари дуруст ва таҳлил намуда, ба омма пешниҳод кардан, ин кори асосии журналист мебошад».

Шамшод Мирзоев, яке аз иштирокчиёни дигари тренинг, ки аз ноҳияи Зафаробод аст, иштирок дар ин омӯзишро бисёр муҳим хонд. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз чанд моҳ қабл аз номи «FactChek» бохабар гашта буд, аммо дар борааш чандон маълумоти зиёд надошт. «Ҳоло бошад, дар бораи «FactChek» маълумот пайдо кардам ва дар баробари ин, якчанд сомонаҳое, ки барои санҷиши далелу аксу навор имкониятҳои васеъ доранд, бароям писанд омад. Ҳамчунин, дӯстони зиёд пайдо кардам, ки иштирок бо онҳо дар ин тренинг ифтихор буд».

Дар ҳамин ҳол, Нигора Ҷӯраева, донишҷӯи курси 4-уми бахши рӯзноманигорӣ аз иштирок дар ин тренинги омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.


Тренинги мазкур бароям бисёр барномаҳои нав ва усулҳои замонавии далелсанҷиро омӯзонид. Минбаъд, метавонам дар фаъолияти кориам аз имкониятҳои ин барномаҳо истифода барам. Мо медонем, ки замон дар такопӯ асту ҳар лаҳза барномаҳои нав барои боз ҳам сабук кардани фаъолияти мутахассисон ихтироъ мешавад. Аз ин рӯ, омӯхтани навгониҳои илмию техникӣ бароямон зарур мебошад, чун журналист бояд ҳамқадами замон бошад


Нигора Ҷӯраева, донишҷӯи курси 4-уми бахши рӯзноманигорӣ

Наргис Каримова, хабарнигори студияи таълимии «Фурўғ»-и шӯъбаи журналистика мегӯяд, ки тренинг барояш аз он ҷиҳат манфиатбахш буд, ки доир ба далелсанҷӣ, тафаккури интиқодӣ, роҳҳои санҷиши мавод ва усули кор бо абзорҳое, ки имкониятҳои хеле васеъ доранд, маълумот пайдо кардааст. «Инчунин, дар бораи манбаъҳои боз иттилоъ гирифтам. Дигар чизи наве, ки ман омӯхтам, роҳҳои муайян кардани аксу наворҳои сохта мебошад, ки то ин замон ман дар ин бора чизе намедонистам ва акнун бо абзорҳои махсус шинос шудам».

Тренинг дар мавзӯйи «Далелсанҷӣ (фактчекинг) ва кор бо манбаъҳои боз» аз 29-уми апрел то 1-уми майи соли равон дар «American Space Khujand» баргузор шуд.

Ин лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ ёфта, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Internews амалӣ мешавад. Иштирокчиён баъд аз ин тренинг чанд далелсанҷӣ мегузаронанд. Ҳамчунин, дар назар аст, ин гурӯҳи иштирокчиён дар якҷоягӣ бо тренерон доир ба масъалаи саводи расонаӣ варақаҳои иттилоотӣ ба нашр расонда, онро дар шаҳру навоҳии шимоли кишвар, ки дастрасӣ ба Интернет камтар доранд, паҳн мекунанд.

Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

1 КОММЕНТАРИЙ

Leave a Reply to О Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь