Дурӯғ | Марги кӯдак аз истеъмоли қулфинай (садо)

Чӣ санҷида шуд?

Тайи чанд рӯзи ахир миёни мардум, хоса дар бозори «Панҷшанбе» овозае паҳн гардид, ки гӯиё баъд аз истеъмоли меваи қулфинай кӯдаке ба ҳалокат расидааст. Ин овоза ахиран дар гурӯҳи «Дунёи дилҳо» низ паҳн гардид ва корбарони шабакаи иҷтимоии «Facebook» дар бораи заҳролудшавӣ ва марги кӯдаке аз қулфинай хабар доданд.

Дурӯғ | Марги кӯдак аз истеъмоли қулфинай (садо)

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook ва YouTube аксу наворҳое аз ҷараёни ҷамъоварии меваи қулфинайи мӯҳлаташ гузашта пайдо шуданд. Хабари беморшавӣ аз сабаби истеъмоли қулфинай тариқи Messenger (Facebook) ва Viber низ паҳн гаштааст.

https://www.youtube.com/watch?v=-TG1oYxLtXs

Чӣ тавр санҷида шуд?

Бо мақсади таҳқиқи ин масъала ба масъулини Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд муроҷиат намудем. Мудири шӯъбаи эҳёи кӯдаконаи беморхонаи вилоятии клиникавии кӯдакона Қурбонбой Каримов дар суҳбат бо мо гуфт, ки дар чормоҳаи аввали соли равон касе бо аломати заҳролудшавӣ аз меваи қулфинай ба мо муроҷиат накардааст.

Ҳакимов Фахриддин, сармутахассиси амрози кӯдаконаи Раёсати тандурстии вилояти Суғд низ хабари заҳролудшавӣ аз меваи тарро дар ҳудуди вилоят инкор кард.

Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр Каримов, сардори Шӯъбаи маркази ташкили бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ин қазияро таҳқиқ кардааст ва чунин ҳолат ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Маркази ташкили бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд суханони болоиро такрор намуда, гуфтанд, ки 9 тоннаю 598 кг меваи қулфинай аз маркази «Панҷшанбебозор» бинобар гузаштани мӯҳлат ва пайдо шудани бемории занбӯруғи пӯсиши кабуд дар таркибаш дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ва бахши фитосанитарӣ аз фурӯш бардошта шуд.

Ҳукмнома

Санҷиши мо дар такя ба иттилои мақомоти расмӣ собит кард, ки хабари заҳролудшавӣ аз меваи қулфинай ва фавти кӯдак аз он ягон асос надорад. Бинобар ин, мо ба хулоса омадем, ки хабари мазкур «Дурӯғ» аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь