Охирин рӯзи моҳи апрели соли 2019 эҳтимол барои аксар оилаҳои тоҷик, ки фарзандону наберагонашон аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, рӯзи фаромӯшнашаванда бошад. Тибқи иттилои расмӣ, волидайни ин кӯдакон аз гурӯҳи террористии ДИИШ (созмоне, ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад) дастгирӣ карда, барои онҳо меҷангиданд. Иттилооти хеле муҳим аст. ВАО ва журналистон кӯшиш карданд, то ба хонанда ин хабарро ба таври фаврӣ расонанд.
Чӣ санҷида шуд?
1 майи соли 2019, соати 09:35 дақиқа дар сомонаи www.dialog.tj (бойгонӣ) маводе бо забони русӣ таҳти унвони «Аз Ироқ ба Тоҷикистон 64 кӯдак баргардонида шуд» («В Таджикистан из Ирака вернули 64 ребенка») нашр гардид. Оморе, ки дар сарлавҳа нишон дода шудааст, на бо маълумоти расмӣ ва на бо иттилои дигар ВАО мувофиқат намекард. Аз ин рӯ, қарор кардем, ин оморро бисанҷем.
Чӣ тавр санҷида шуд?
«Dialog.tj» дар такя ба иттилои бахши русии хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» (бойгонӣ) маводро таҳия кардааст. Вале дар ин хабаргузорӣ дида мешавад, ки омори баргардонидани кӯдакон на 64, балки 84 нафар нишон дода шудааст. Яъне, фарқият 20 нафар аст. Зимни санҷиш аз манбаъҳои расмӣ омори дақиқро пайдо кардем. Бино ба иттилои расмии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон (бойгонӣ), «30 апрели соли ҷорӣ бо як рейси махсус аз Бағдод ба Душанбе 84 кӯдак ба Ватан баргардонида шуд».
Ҳукмнома
Таҳрифи иттилоъ оид ба шумори кӯдакони баргардонидашуда эҳтимол аз ҳисоби хатоии техникӣ ва ё аз беэътибории муҳаррири сомона бошад. Аз сабаби хатоии омор, дараҷаи аҳамиятнокии мавод нисбат ба хонанда тағйир намеёбад ва ба хулосае омадем, ки дар ин ҷо ба «Иштибоҳ дар далел» роҳ дода шудааст.