Чӣ санҷида шуд?
Хабаргузории «Dialog.tj» 3-уми майи соли равон, соати 18:30 хабареро бо забони русӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар фурӯши тилло пешсафони ҷаҳон шуданд» («Таджикистан и Узбекистан стали мировыми лидерами по продаже золота») нашр кардааст (бойгонӣ).
Дар хабар омадааст, ки тибқи ҳисоботи Шӯрои ҷаҳонии тилло, дар семоҳаи аввали соли 2019 Бонки марказии Ӯзбекистон бо фурӯши 6,2 тонна, Муғулистон 3,4 тонна ва Тоҷикистон бо фурӯши 1 тонна тилло аз кишварҳои пешсаф дар ҷаҳон дониста шудаанд. Хабари мазкур дар такя ба иттилои «Фергана News», ки бо ҳамин унвон 3-уми майи соли равон, соати 15:14 бо вақти Маскав ба нашр расидааст, омода шудааст (бойгонӣ).

Чӣ тавр санҷида шуд?
Ҳангоми ҷустуҷӯ аз ҷусторҳои «Google» ва «Yandex» маълум гардид, ки дар ин бора хабаргузориҳое, чун «Novosti.tj» (бойгонӣ), «Haqqin.az» (бойгонӣ), «Slon.kg (бойгонӣ), «Break-news» (бойгонӣ) ва «Newshappens.ru» (бойгонӣ) дар такя ба Шӯрои ҷаҳонии тилло иттилоъ пахш намудаанд.
Сипас, аз сомонаи Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) хабари мазкурро ҷустуҷӯ намудем. Дар сомонаи расмии ин ниҳод 2-уми майи соли равон ҳисоботе таҳти унвони «Афзоиши талабот ба тилло дар семоҳаи аввали соли 2019» (Gold Demand Trends Q1 2019) чоп шудааст, ки дар он Ӯзбекистон бо фурӯши 6,2 тонна тилло мақоми аввал, Муғулистон бо 3,4 тонна ҷойи дуюм ва Тоҷикистон бо фурӯши 1 тонна тилло мавқеи сеюмро касб кардаанд (бойгонӣ).

Ҳукмнома
Санҷиши мо нишон дод, ки Шӯрои ҷаҳонии тилло дар воқеъ бо таҳлили хариду фурӯши тилло ва фулузоти нодир машғул буда, чунин радабандиро миёни кишварҳо соле то 3-4 маротиба баргузор мекунад.
Баъд аз пайдо кардани ҳисоботе таҳти унвони «Афзоиши талабот ба тилло дар семоҳаи аввали соли 2019» (Gold Demand Trends Q1 2019), ки дар он ҷо мақоми се кишвари болоӣ зикр шудааст, хулосаи мо ба хабари мазкур «Ҳақиқат»-ро гирифт.