Хабари санҷиданашуда метавонад, дар назди хонанда шубҳае пайдо намуда, сабаби аз даст додани обрӯву эътибор гардад. Таҳлили мазкур муайян намуд, ки ҳатто журналистони касбии мо низ баҳри риояи фаврият, дурустию саҳеҳии маълумотро сарфи назар мекунанд.
Чӣ санҷида шуд?
3-уми июн, соати 08:24 дақиқа дар сомонаи www.dialog.tj хабаре таҳти унвони «Сомон Эйр» вошла в ТОП-10 авиаперевозчиков самой вкусной едой (бойгонӣ) нашр гардид. Худи сарлавҳаи мавод барои мо шубҳаовар буд ва қарор кардем, ки иттилои мазкурро санҷем.
Иқтибосҳо:
1. Ширкати ҳавоии «Сомой Эйр» ба рӯйҳати 10 ширкати ҳавоии бо хӯроки болаззат дохил шуд.
2. … «Сомон Эйр» дар радабандии хӯроки аз ҳама болаззат дар ҳавопаймо мақоми ҳафтумро касб намуд.
Чӣ тавр санҷида шуд?
Диалог.tj дар маводи нашркардаи худ ба манбаи дигар – «Sputnik Таджикистан», ишора мекунад. Бо пахш намудани ишораи сомонаи www.dialog.tj, дар саҳифаи хабаргузории Sputnik Таджикистан (бойгонӣ) ворид шуда, иттилои мазкурро ҷустуҷӯ намудем ва онро дарёфтем. Вақти нашри мавод дар ин хабаргузорӣ 2-уми июни соли 2019, соати 17:59 дақиқа, яъне як рӯз пеш аз чопи сомонаи «Диалог.tj». Дар хабаргузории «Sputnik Таджикистан» низ айнан чунин иқтибосҳои дар боло зикршударо мушоҳида намудем.
Дар навбати худ «Sputnik Таджикистан» дар маводаш ба тадқиқоти яке аз сомонаҳои русии «Туту.ру», ки дар бораи саёҳат, фароғат, ҷадвали парвоз, сафар ва хатсайрҳои ҳавоӣ мавод нашр менамояд, ишора кардааст.
Шоми 3-уми июн иттилои мазкур айнан бо ҳамин сарлавҳа «Таджикская авиакомпания «Сомон Эйр» вошла в ТОП-10 авиакомпаний с самым вкусным питанием на борту» дар саҳифаи фейсбукии «ASIA-Plus Media Group» (бойгонӣ) ба нашр расид.
Зимни санҷиш дар ҷустори «Google» дарёфтем, ки дар сомонаи «Туту.ру» маводе таҳти унвони «10 иностранных перевозчиков с самой вкусной едой» (бойгонӣ) нашр шудааст. Маълум гардид, ки хабаргузориҳои «Диалог.tj», «Sputnik Таджикистан» ва «Азия-Плюс» маҳз ба ҳамин сомона такя намудаанд. Дарвоқеъ, ширкати ҳавоии «Сомон Эйр» дар ин мавод зикр шудааст, аммо на дар ҷойи ҳафтум, балки дар ҷойи ҳаштум.
Вале аҷибаш дар он буд, ҳар се маводе, ки ин хабаргузориҳо нашр намудаанд, як ва ё ду рӯз пеш аз чопи худи маводи сомонаи «Туту.ру», ки санаи 4-уми июни соли 2019 нашр намудааст, такя намудаанд.
Барои дақиқ намудани иттилои мазкур ва муайян кардани номутобиқатӣ, мо ба муаллифони радабандӣ расман нома навишта, ҷавоби расмӣ гирифтем. Аз сабаби он ки сомона варақаҳои иттилоотиро (пресс-релиз) пеш аз нашр паҳн мекунад, хабари мазкур дар сомонаи «Туту.ру» дертар нашр шудааст.
Ҳукмнома
Далелсанҷии мо нишон дод, ки воқеан ҳам «Сомой Эйр» ба рӯйҳати 10 ширкати ҳавоии бо хӯроки болаззат дохил шудааст, аммо бо андаке иштибоҳ, ки дар радабандӣ на дар зинаи ҳафтум, балки дар зинаи ҳаштум қарор гирифааст.
Бо назардошти иштибоҳи хурд ва натиҷаи он, мо ба хулосае омадем, ки ба маводи мазкур «Иштибоҳ дар далел»-ро раво бинем.