Фейк | Ҳалокати «Юсуфи паёмбар» бар асари садама

Мустафо Замонӣ, ҳунарпешаи синамои Эрон буда, бо иҷрои нақши асосӣ дар силсилафилми «Юсуфи паёмбар» боз ҳам машҳур гардидааст. Ӯ 21 июни соли 1982 дар шаҳри Мозандорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дунё омадааст. Падараш Сиёвуш Замонӣ ва модараш Фотима Замонӣ ном дошта, дар оилаи онҳо се писар ва як духтар ба воя мерасанд.

Ҳарчанд Мустафо Замонӣ дар 4 силсилафилм ва наздик 20 филм нақш офаридааст, аммо ӯро ҳамчун иҷрокунандаи нақши ҳазрати Юсуф мешиносанду медонанд. Ӯ натанҳо дар Эрон, балки дар дигар кишварҳои исломӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ мухлисони сершумор дорад. Аммо хабари марги Мустафо Замонӣ бар асари садамаи нақлиётӣ боиси рӯҳафтодагии мухлисони зиёд гардид.

Фейк | Ҳалокати «Юсуфи паёмбар» бар асари садама (Акс аз шабакаи иҷтимоии Facebook)

Чӣ санҷида шуд?

Давоми 2 сол аст, ки миёни корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ хабари марги Мустафо Замонӣ, иҷрокунандаи нақши Юсуф дар силсилафилми «Юсуфи паёмбар» бар асари як садами нақлиётӣ паҳн мешавад. Ин хабар бори аввал ҳанӯз 28 сентябри соли 2017 дар гурӯҳи умумии «FAN CLUB PROPHETE MOUHAMMAD (Sallā llāhu ʿAlayhi Wasallam)»-и шабакаи иҷтимоии Facebook паҳн гардид (бойгонӣ). То имрӯз ба хабари мазкур аз тарафи 12 ҳазор корбар лайку дигар ишораҳои эҳсосӣ (смайлик) гузошта шуда, беш аз 8 ҳазор онро қисмат кардаанд ва зиёда аз 3 ҳазор зери он шарҳ гузоштаанд. Шарҳҳои бештар «Худо раҳмат кунад», «Омин», «Рӯҳаш шод бод» ва ба ин монанд ҳастанд.

Чӣ тавр санҷида шуд?

Хабари мазкурро сараввал аз ҷусторҳои «Google» ва «Yandex» мавриди санҷиш қарор додем. Нахуст, дар бахши «Кино, Театр»-и ҷавобҳои Mail.ru баҳси корбарони ин шабакаро дарёфтем, ки аз зинда будани Мустафо Замонӣ ҳарф мезаданд (бойгонӣ).

Акс аз силсилафилми «Юсуфи паёмбар»

Бахшҳои форсию арабӣ, туркию англисӣ, тоҷикӣ ва дигар забонҳои «Википедиа – донишномаи озод» низ дар бораи зиндагинома ва таваллуди Мустафо Замонӣ маълумот пешниҳод кардаанд, аммо дар бораи вафоти ӯ чизе оварда нашудааст (бойгонӣ). Ҳатто дар бузургтарин сомонаи русии «КиноПоиск», ки бештар дар бораи синамо, ҳунармандони маъруфи олами синамо, эълонномаи кинотеатрҳо ва радабандии беҳтарин филмномаҳо маълумот медиҳад, оид ба рӯзу моҳу соли вафоти Мустафо Замонӣ ягон чиз дарёфт накардем (бойгонӣ). Дар ҳоле, ки тайи ду соли ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба марги ӯ хабарҳои гуногун паҳн мешаванд.

Дaлели дигаре, ки бофта будани ин хабарро инкор мекунад, дар ин бора инъикос нагардидани гузориш дар телевизионҳои эронӣ мебошад. Хабаргузории эронии «Nexload.ir» 27 сентябри соли 2017 навиштааст, ки агар ягон шахси машҳур ё ҳунарманди маъруф вафот кунад, нахуст телевизиони миллӣ онро зуд пахш мекунад. Вале ба иттилои ин хабаргузорӣ, то имрӯз ҳатто ягон телевизиони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳалокати Мустафо Замонӣ хабаре пахш накардааст (бойгонӣ).

Истинод аз хабаргузории Nexload.ir

– Паҳни ин гуна овозаҳо тавассути шабакаҳои хабарии маъруф маъмулианд, ки бештар барои ҷалби тамошобин истифода мешаванд,- меафзояд «Nexload.ir».

Дар идома ин хабаргузорӣ манбаи аслии паҳни ин овозаро ба Telegram рабт додааст. Вале ба иттилои хабаргузориҳои эронӣ, дар асл 27 феврали соли 2016 (бойгонӣ) коргардони силсилафилми «Юсуфи паёмбар» Фараҷулла Салахшур дар синни 63 аз олам даргузаштааст (бойгонӣ).

Ҳамчунин, дар ҷустори YouTube ду навореро бо Мустафо Замонӣ пайдо кардем. Навори аввалин 22 марти соли 2018 таҳти унвони «Гуфтугӯи дидании Мустафо Замонӣ бо Меҳрон Мудирӣ дар барномаи «Давриҳамӣ»» бо давомнокии 32 дақиқаву 23 сония ба нашр расидааст.

https://www.youtube.com/watch?v=Qm5TI_do11A

Навори дигар 18 январи соли 2019 бо номи «Суҳбатҳои ҷолиби Мустафо Замонӣ дар мавриди нақши ҳазрати Юсуф» ба таври мухтасар бо давомнокии 1 дақиқаву 23 сония пахш шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=n5hXKWIHfgs

Яъне, ин наворҳо аз зинда будани Мустафо Замонӣ, иҷрокунандаи нақши асосии ҳазрати Юсуф дар силсилафилми «Юсуфи паёмбар» шаҳодат медиҳанд.

Ҳукмнома

Натиҷаи далелсанҷӣ собит кард, ки ҳалокати Мустафо Замонӣ, маъруф бо ҳазрати Юсуф бар асари садамаи нақлиётӣ ягон асос надорад ва ӯ дар қайди ҳаёт аст. Аз ин лиҳоз, хулоса кардем, ки хабари мазкур «Фейк» аст.

Наргис КАРИМОВА


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

2 КОММЕНТАРИИ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь