Чӣ санҷида шуд?
17-уми августи соли равон дар гурӯҳи фейсбукии «Ислам и Наука» маводе зери сарлавҳаи «Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки сатҳи таваллудро кам кунад» (Власти Таджикистана решили уменьшить рождаемость в стране) нашр шуд (бойгонӣ). Дар матлаби мазкур гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бо қабули Барномаи давлатии таъмини ҳаёти солим таваллудро кам кардааст. Дар мавод омадааст, ки ҳамасола то 100 ҳазор ҳолати ҳомиладории номатлуб пешгирӣ карда мешавад ва гӯиё Тоҷикистон бо татбиқи барномаи мазкур дар давоми 3 сол аз тавлиди номатлуби 450 ҳазор кӯдак дар кишвар ҷилавгирӣ мекунад. Инчунин, далелҳои дигар низ нишон дода шудаанд, масалан, дар бораи таваллуд дар кишварҳои Аврупо.
Ин хабар дар саҳифаи иҷтимоии «Ислам и Наука» баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Аз шарҳҳои зери мавод маълум гардид, гурӯҳи зиёди корбарон ин ҳолатро маҳкум ва интиқод аз ҳукумати мамлакат кардаанд. Ғолибан гурӯҳи дигар иттилои мазкурро бардурӯғ ва беасос унвон кардаанд. Маводи мазкур дар расонаҳои Радиои Озодӣ (бойгонӣ), Спутник Таджикистан (бойгонӣ), Радио Свобода (бойгонӣ) ва Радио Азаттык (бойгонӣ) низ нашр шудааст.
Бо мақсади бартараф намудани шубҳаву ба даст овардани маълумоти дақиқ тасмим гирифтем, иттилои мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Азбаски мавод аз якчанд қисм иборат асту далелҳои ҷудогона дорад, тасмим гирифтем, ки ҳар яки онҳо бояд мавриди санҷиш қарор гиранд.
Далели 1:
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022»-ро тасдиқ кард. Ҳамасола то 100 ҳазор ҳолати ҳомиладории номатлуб пешгирӣ карда мешавад».
Санҷиш
Дар бораи Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ дар сомонаи Вазорати тандурустӣ маълумоти аниқ дарёфт накардем. Барои дарёфт намудани барномаи мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ расман муроҷиат намудем.
Тибқи посухи расмие, ки аз ин ниҳод ба даст овардем, «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022», аз 2 июли соли 2019 тасдиқ шудааст.
Воқеан ҳам дар матни Қарори Ҳукумат омадааст, ки коэффитсиенти ҳозираи истифодабарии танзими оила ҳамасола зиёда аз 100 000 ҳамли номатлубро пешгирӣ менамояд.
Ҳукмнома
Маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ дар бораи Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ, ки ҳамасола то 100 000 ҳолати ҳомиладории номатлубро пешгирӣ мекунад, бо маълумоти дар ВАО ҷойдошта мувофиқат мекунад. Аз ин рӯ, аввалин далели санҷидашуда ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро мегирад.
Далели 2:
«…Тибқи пешгӯиҳои коршиносони Маркази таҳқиқоти Pew, мусалмонон дар тӯли даҳсолаи оянда бузургтарин гурӯҳи динӣ дар ҷаҳон хоҳанд шуд ва то соли 2035 шумораи тифли навзод дар оилаҳои мусалмонӣ назар ба тифли навзод дар оилаҳои масеҳӣ бештар хоҳад буд. Зеро дар давоми солҳои 2010 то 2015, 31%-и кӯдакони дар ҷаҳон таваллудшуда мусалмон буданд».
Санҷиш
Пешгӯиҳои коршиносони Маркази таҳқиқоти Pew аз ҷониби аксари расонаҳои хабарӣ дар такя ба маълумоти хабаргузории «ТоҷикТА» ва сомонаи pewforum.org интишор ёфтаанд. Барои санҷиши ин маълумот, маводи дар хабар корбастшударо аз захираи Маркази таҳқиқотии Pew ҷустуҷӯ намудем (бойгонӣ). Маркази таҳқиқоти Pew инчунин пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2035 шумораи тифли навзод дар оилаҳои мусалмонӣ дар муқоиса бо оилаҳои масеҳӣ афзоиш меёбад.
Ҳукмнома
Маълумоти пахшнамудаи расонаҳои хабарӣ бо манбаи асосии зикршуда мувофиқ аст. Аз ин лиҳоз, далели дуюми санҷидаи мо бо воқеият наздик буда, ба он ҳукмномаи «Ҳақикат»-ро раво донистем.
Далели 3:
«Мувофиқи маълумоти соли 2016, нишондиҳандаи таваллуд дар ИА 1,6 буд. Дар Ирландия ин нишондиҳанда 2,02, дар Фаронса – 1,96, дар Бритониёи Кабир – 1,91 ва дар Олмон – 1,41 буд. Дар ИМА то солҳои охир, сатҳи таваллуд ба як зан 2,4 кӯдак буд, аммо дар ду соли ахир ин рақам ба таври назаррас коҳиш ёфтааст».
Санҷиш
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Бонки Ҷаҳонӣ (бойгонӣ), нишондиҳандаи таваллуд дар ИМА 1,82, дар Ирландия 1,81, дар Фаронса 1,92, дар Бритониёи Кабир 1,91 ва дар Олмон 1,59 омадааст.
Омори интишорнамуда барои аксари кишварҳо дар ВАО аз омори Бонки Ҷаҳонӣ фарқ мекунад. Танҳо омори Бритониё ба иттилои манбаи расмӣ ҷавоб медиҳаду бас.
Ҳукмнома
Дар асоси ин маълумот, хулоса кард, ки дар далели сеюм омори носаҳеҳ дида мешавад ва онро метавон «Иштибоҳ дар далелҳо» гуфт.