Иштибоҳ дар далелҳо | Байни кишварҳои ИДМ рушди иқтисодиёти аз ҳама суст дар Русия ва аз ҳама баланд дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад

Чӣ санҷида шуд?

11-уми сентябри соли 2019, соати 14:31 ОИ «ASIA-Plus» хабаре таҳти унвони «Байни кишварҳои ИДМ рушди иқтисодиёти аз ҳама суст дар Русия ва аз ҳама баланд дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад» («Самый низкий экономический рост среди стран СНГ наблюдается в России, а наиболее высокий – в Таджикистане») интишор кардааст (бойгонӣ). Хабаргузории мазкур ин матлабро дар саҳифаи «Facebook»-аш низ худи ҳамон рӯз, соати 15:45 ҷой дод (бойгонӣ) ва дар атрофи он баҳсҳои зиёде байни корбарони шабакаи иҷтимоӣ ба миён омад.

Оҷонсии иттилоотии «ASIA-Plus»

Дар хабар гуфта мешавад, ки иқтисоди Тоҷикистон давоми 6 моҳи аввали соли 2019 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018, 7,5% зиёд гардида, дар байни кишварҳои ИДМ дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Бино ба Омори байнидавлатии Шӯрои кишварҳои ИДМ, давоми ҳамин давра ММД-и Русия 1,57 трлн. доллари ИМА-ро ташкил додааст ва бо он ки рушди иқтисодиаш 0,7%-ро ташкил медиҳад, дар ин радабандӣ дар ҷойи охир қарор гирифтааст. Ин, ки Русия як кишвари мутараққӣ асту нишондиҳандаҳои рушди иқтисодияш паст нишон дода шудааст ва Тоҷикистон бошад, миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати иқтисодӣ пешсаф дониста шудааст, то ҷое шубҳабанрагез буд. Аз ин лиҳоз, маводи мазкур мавриди санҷиш қарор гирифт.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Тибқи иттилои ОИ «ASIA-Plus», хабари мазкур дар такя ба маълумоти омории сомонаи ИДМ таҳия шудааст.

Далел:

«Рушди ММД-и Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 7,5%-ро ташкил додааст. Аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ кишварҳои Қирғизистон (6,9%), Арманистон (6,8%), Туркманистон (6,2%) каме аз Тоҷикистон қафо мондаанд. Афзоиши ММД-и Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 5,8%, Укроин – 4,6%, Молдова – 4,4%, Қазоқистон – 4,1%, Озарбойҷон – 2,5%, Беларус – 1,3%-ро ташкил додааст. Камтарин рушди иқтисодӣ дар ин давра дар Русия – 0,7%, ба қайд гирифта шудааст».

Санҷиш

Тибқи омори расмии ҳар як давлати дар боло зикршуда, дар нимсолаи аввали соли 2019 ММД-и онҳо афзоиш ёфтаанд:

Арманистон – 6,8% (бойгонӣ);

Қирғизистон – 6,4% (бойгонӣ);

Ӯзбекистон – 5,8% (бойгонӣ);

Укроин – 4,6% (бойгонӣ);

Молдова – 5,2% (бойгонӣ);

Қазоқистон – 4,1% (бойгонӣ);

Озарбойҷон – 2,4% (бойгонӣ);

Русия – 0,9% (бойгонӣ).

Бояд қайд кард, ки ҳангоми санҷиш Агентии омори Тоҷикистон маълумоти ММД дар нимсолаи аввали соли 2019-ро ҳанӯз дар сомонаи худ нашр накарда буд. Аммо маълумот дар бораи ММД-и Тоҷикистон аз ҷониби дигар манбаъҳо – чӣ давлатӣ ва чӣ байналхалқӣ, қайд карда мешаванд.

Тибқи иттилои сомонаи «Trading Economics», рушди иқтисодии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли равон 7,5%-ро ташкил медиҳад (бойгонӣ). Ҳамзамон, рушди иқтисодии Русия дар нимсолаи аввали соли равон 0,9% (бойгонӣ), Арманистон – 6,5% (бойгонӣ), Қирғизистон – 5,3% (бойгонӣ), Ӯзбекистон – 5,8% (бойгонӣ), Украина – 4,6% (бойгонӣ), Молдова – 4,4% (бойгонӣ), Қазоқистон – 4,1% (бойгонӣ), Туркманистон – 6,2% (бойгонӣ) ва Беларус – 1,3% (бойгонӣ) нишон дода шудааст.

Дар сомонаи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ММД-и кишвар дар нимсолаи аввал ба 31,3 млрд. сомонӣ (3 млрд. 231 млн. 835 ҳазору 125 доллари ИМА бо назардошти қурби асъори ИМА барои санаи 01.07.2019) баробар буда, ин 7,5%-ро ташкил медиҳад (бойгонӣ).

Вазорати Рушди иқтисоди Федератсияи Русия дар ҳисоботи нимсолаи худ (PDF), суръати рушди ММД-ро дар ин кишвар дар давраи ҳисоботӣ 0,7% эълон кардааст (бойгонӣ). Ин маълумот дар ҳисоботи Хадамоти Федеролии омори давлатии Русия (PDF) ба таври муфассал шарҳ дода шудааст.

Инчунин, Бонки Ҷаҳонӣ маълумоти соли 2018-ро таҳлил намуда, онро дар шакли графикӣ овардааст. Дуруст аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар нимсолаи аввали соли 2019 нашр накардааст, вале агар маълумоти бойгонишудаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба ММД (бойгонӣ) барои кишварҳои алоҳида дар соли 2018-ро бо маълумоти ОИ «ASIA-Plus» муқоиса намоем, маълум мешавад, ки баъзе аз рақамҳо наздиканд, вале мувофиқат намекунанд.

The World Bank
The World Bank: Tajikistan

Ҳукмнома

Далелсанҷӣ нишон дод, ки хабари мазкурро ОИ «ASIA-Plus» дар асоси омори сомонаи расмии ИДМ таҳия намудааст, аммо дурустии маълумотро аз дигар манбаъҳо тасдиқ намекунад. Бинобар ин, аз рӯи натиҷаҳои таҳлил хулоса кардан мумкин аст, ки дар мавод хатоиҳо мавҷуд буда, онро метавон «Иштибоҳ дар далелҳо» номид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь