Чӣ санҷида шуд?
Хабаргузории «Life-news» 14-уми август дар бахши «Хабарҳои фаврӣ» матлаберо таҳти унвони «Хабарҳои Тоҷикистон: Ҳамарӯза дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар аз паразитҳо мемиранд. Кӣ тасмими раҳоии онҳоро дорад?» («Новости Таджикистана: Ежедневно в Таджикистане тысячи людей умирают от паразитов. Кто планирует их спасать?») ҷой додааст (бойгонӣ).
Хабар дода мешавад, ки дар Анҷумани аврупоии паразитшиносон донишҷӯе аз Тоҷикистон бо пешниҳоди формулаи ягона, коркарди доруеро барои раҳоӣ аз папилом ва паразитҳо равона шудааст, ҳамаро дар ҳайрат гузоштааст. Ба гуфтаи Давлат Ёқубов, мутахассисони Пажӯҳишгоҳи ташхис ва таҳлили Донишгоҳи миллии Паразитшиносӣ доруи мазкурро коркард ва истеҳсол намудаанд ва гӯиё исбот шудааст, ки истифодаи он барои табобати беморон натиҷаҳои самаранок дода истодааст. Ғайр аз ин, дар мавод чӣ гуна миллионҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз ин дору наҷот ёфтаанд, зикр шудааст. Рӯзноманигоре, ки номаш ифшо нашудааст, бо Давлат Ёқубов ва мутахассиси паразитшинос Фарида Машарипова, ки маҳз дар мувофиқа бо ӯ доруи зиддипаразитии «Детокс» коркард шудааст, сӯҳбат оростааст. Дар мавод ҳамчунин гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз рӯи бемории паразитҳо дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад ва 89%-и фавтҳо аз ҳисоби паразитҳо ба амал омадаанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Кист ӯ: Давлат Ёқубов ё Мирлан Тналиев?
1. Барои муайян кардани шахсияти Давлат Ёқубов акси ӯро тавассути барномаи Tineye.com санҷидем. Аммо ҷустори мазкур ягон натиҷа надод.
2. Акси Давлат Ёқубовро тавассути ҷустори Google ҷустуҷӯ намудем ва маълум гардид, ки акси ӯ дар сомонаҳои марбут ба Қазоқистон истифода шудааст. Дар сомонаи расмии ҳукумати вилояти Қазоқистони Ғарбӣ 2-уми апрели соли 2019 акси мазкур дар маводе таҳти унвони «Эссеи хонандаи Мактаби Маърифатии Назарбоев бо забони англисӣ ба маҷмӯаи «Discover Kazakhstan» дохил шуд» истифода шудааст, ки аз ӯ Мирлан Тналиев ном бурда мешавад (бойгонӣ).
Бар пояи хабари мазкур, Мирлан Тналиев, хонандаи синфи 10-уми Мактаби Маърифатии Назарбоеви шаҳри Уралск, аз рӯи натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии эссе дар забони англисӣ «Discover Kazakhstan» («Барои худ Қазоқистонро кашф намо») соҳиби сертификат гаштааст. Сомонаи «Жайық-Пресс» низ хабари мазкурро маҳз бо ҳамин унвон «Эссеи хонандаи Мактаби Маърифатии Назарбоев бо забони англисӣ ба маҷмӯаи «Discover Kazakhstan» дохил шуд» нашр кардааст (бойгонӣ).
3. Акси мазкурро инчунин тавассути ҷустори Яндекс ҷустуҷӯ намудем. Натиҷаи ҷустуҷӯ нишон дод, ки нафари дар аксбуда Мирлан Тналиев аст ва исми ӯ 2-уми апрели соли 2019 баъд аз иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Discover Kazakhstan» расонаӣ шудааст (бойгонӣ). Инчунин, сомонаи «Webpress» 3-уми апрели соли 2019 хабаре нашр кардааст, ки маълумоти болоиро дар бораи Мирлан Тналиев тасдиқ мекунад (бойгонӣ).
Зимни ҷустуҷӯи хабар тавассути акс маълум гардид, ки хабари мазкур баъд аз расонаӣ шудан дар ВАО-и Қазоқистон дар хабаргузориҳои дигар низ бо чанд таҳриф пайдо шудааст. Масалан, хабаргузории «Life-news» ному акси Мирлан Тналиевро истифода намуда, матни маводро низ тағйир додааст. Ин таҳриф на танҳо Тоҷикистон, (бойгонӣ) балки дигар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Қирғизистон (бойгонӣ), Қазоқистон (бойгонӣ), Ӯзбекистон (бойгонӣ), Молдов (бойгонӣ), Озарбойҷон (бойгонӣ), ҳатто Укроин (бойгонӣ), Белорус ва Русия (бойгонӣ)-ро низ фаро гирифтааст.
Кист ӯ: Фарида Машарипова ё Райхан Калкенова?
4. Зане, ки дар матни хабари сомонаи «Life-news» аз ӯ ҳамчун мутахассиси паразитшинос Фарида Машарипова ном бурда мешавад, барои дақиқ кардани шахсияти ӯ, тавассути ҷустори Яндекс маълум кардем, ки ин зан Калкенова Райхан Багланбаевна, акушер-гинеколог мебошад (бойгонӣ). Инчунин, номи ӯро дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо дархости Райхан Калкенова пайдо намудем (бойгонӣ).
Ҳукмнома
Зимни санҷиш маълум гардид, ки аксҳои қаҳрамонҳои мавод нафарони аниқ буда, вале дар матн шахсияти онҳо тағйир дода шудаанд. Аз ин хотир, хулосаи мо ба маводи мазкур «Дурӯғ» аст.
Абдуллоҳ ҒУРБАТӢ