Чӣ санҷида шуд?
Як корбари Facebook бо номи Доктор Зафар 2-уми октябр дар шабакаи мазкур навореро таҳти унвони «Сокини Ашт куҳансолтарин пиразан дар ҷаҳон» (бойгонӣ) ҷой додааст. Ин навори Радиои Озодӣ буда, дар шабакаи YouTube ҷой дода шудааст. Аз қаҳрамони гузориш Фотима Мирзоқулова ном бурда мешавад…
Ҳангоми пахши ин гузориш миёни корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook баҳси зиёде ба вуҷуд омад ва лозим донистем, ки онро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Чӣ тавр санҷида шуд?
Маълумоти шиноснома баёнгари он аст, ки ин пиразан 13-уми марти соли 1893 таваллуд шудааст ва ҳоло 126 сол дорад. Дар ин бора рӯзномаи расми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар №19 (23353), аз 12-уми ноябри соли 2018 маводе нашр кардааст.
Ин, ки Фотима Мирзоқуловаи 126-сола воқеан куҳансолтарин пиразани дунё аст, мо аз чанд сарчашма санҷидем. Бино ба иттилои сомонаи Guinness World Records, солмандтарин зани сайёра дар санаи 9-уми марти соли 2019 Кейн Танака, зодаи Фукуокаи Ҷопон (бойгонӣ) аст. Гуфта мешавад, ки ин зан 116 сол дошта, ҳамчун куҳансолтарин зани дунё ба «Китоби рекордҳои Гиннес» дохил шудааст.
Радабандии Swedish Nomad (бойгонӣ) низ сокини Фукуокаи Ҷопон Кейн Танакаро аз ҳама куҳансолтарин зани рӯйи олам гуфтааст. Вале дар ин ду сарчашма номи Фотима Мирзоқулова ҷой надорад.
Аз ин рӯ, дар миқёси байналмилалӣ ва тибқи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, Мирзоқулова ҳамчун зани солмандтарин дар ҷаҳон эътироф нашудааст. Аммо тибқи ҳуҷҷатҳои шиносномавии мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, вай метавонад аз ҳама зани куҳансол дар ҷаҳон бошад.
Ҳукмнома
Натиҷаҳои санҷиш нишон доданд, ки Фотима Мирзоқулова – сокини ноҳияи Ашти Тоҷикистон, тибқи маълумоти ҳуҷҷатии ҷумҳурӣ, аз ҳама синну соли калон дар ҷаҳон – 126 сол дорад, ки ба қайд гирифта шудааст. Аммо, ба таври расмӣ, куҳансолтарин зан дар ҷаҳон Кейн Танакаи ҷопонӣ, ки 116 сол дорад, эътироф шудааст ва ин як андоза номувофиқатии муайянеро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, ин хабарро наметавон ҳамчун «Ҳақиқат» эътироф кард ва дар як замон онро «Дурӯғ» ҳам гуфта намешавад. Бинобар ин, ҳайати таҳририя ин хабарро «Бе ҳукмнома» боқӣ мегузорад ва ба хонандагон имконият медиҳад, ки сари номувофиқатии далелҳои ҳуҷҷатӣ андеша намоянд.