Иштибоҳ дар далелҳо | Тӯра Атамов: Арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон назар ба кишварҳои пасошӯравӣ арзон аст

0
134
Тӯра Атамов: Арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон назар ба кишварҳои пасошӯравӣ арзон аст

Чӣ санҷида шуд?

Сардори ширкати «Барқи Тоҷик» дар вилояти Суғд Тӯра Атамов дар нишасти нимсолаи хабариаш гуфт, арзиши истифодабарии нерӯи барқ дар Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошӯравӣ нисбатан арзон аст. Ӯ таъкид кард, ки нархи 1 кВт/соат нерӯи барқ дар Арманистон ба 0,83 доллари ИМА, Озарбойҷон – 0,33 доллар, Беларус – 0,109 доллар, Молдова – 0,891, Укроин – 0,652, Русия – 0,46 доллар, Ӯзбекистон 0,44 доллари ИМА ва дар Тоҷикистон аз санаи 1-уми ноябри соли 2018 ба 0,21 доллари ИМА баробар аст.

Изҳороти Атамов дар ҳолест, ки шурӯъ аз 1-уми сентябри соли 2019 арзиши истифодабарии нерӯи барқ 17% боло рафт ва сокинон барои ҳар киловат/соат 20,66 дирам (0,22 доллари ИМА бо назардошти қурби асъори миллӣ барои санаи 01.09.2019) пардохт мекунанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

«Арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ ба санаи 1-уми ноябри соли 2018 дар Арманистон ба 0,83 доллари ИМА, Озарбойҷон – 0,33 доллар, Беларус – 0,109 доллар, Молдова – 0,891, Укроин – 0,652, Русия – 0,46 доллар ва дар Ӯзбекистон 0,44 доллари ИМА баробар аст».

1. Дар сомонаи Global Petro Prices, ки арзиши нерӯи барқро дар 100 кишвари дунё (Тоҷикистон дар ин рӯйхат истисно аст) барои моҳи марти соли 2019 муайян кардааст (бойгонӣ), нархи 1 кВт/соат нерӯи барқ дар Озарбойҷон 0,04 доллари ИМА, Қазоқистон – 0,04 доллар, Укроин – 0,05, Русия – 0,07, Арманистон – 0,08 ва дар Беларус 0,09 доллари ИМА зикр шудааст.

Хулоса, на ҳама изҳороти Атамов бо маълумоти ин сомона мувофиқат мекунанд.

2. Бино ба иттилои Energy Media, арзонтарин нерӯи барқ дар байни кишварҳои Авруосиё дар Туркманистон аст, ки арзишаш 0,01 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои ин манбаи иттилоотии мустақили соҳавӣ, нархи 1 кВт/соат нерӯи барқ дар Ӯзбекистон 0,02 доллари ИМА, дар Қирғизистон – 0,02, Тоҷикистон – 0,02, Укроин – 0,05, Озарбойҷон – 0,05, Беларус – 0,06, Қазоқистон – 0,07, Русия – 0,08, Арманистон – 0,09 доллар ва дар Молдова 0,12 доллари ИМА мебошад (бойгонӣ).

Ҳукмнома

Зимни санҷиш маълум гардид, ки на ҳама суханҳои сардори ширкати «Барқи Тоҷик» дар вилояти Суғд Тӯра Атамов дар мавриди арзиши нерӯи барқ дар чанде аз кишварҳои пасошӯравӣ дурустанд. Бинобар ин, дар изҳороти Тӯра Атамов «Иштибоҳ дар далелҳо»-ро дидан мумкин аст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Шарҳи худро гузоред