Фейк | Марги кӯдак аз нӯшокии «Тархун» (паём)

0
373
Фейк | Марги писарбача аз нӯшокии «Тархун»

Чӣ санҷида шуд?

Тайи чанд рӯзи ахир дар мессенҷерҳои гуногун дар бораи марги кӯдаке аз нӯшокии «Тархун» паёме паҳн гардид. Ҳатто яке аз хонандагони Factcheck.tj хоҳиш намуд, ки дурустии ин маълумотро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Хабари мазкур, ки бо забони русӣ аз номи маъмурияти мактабе миёни корбарони мессенҷерҳо паҳн шудааст, чунин мазмун дошт:

«Уважаемые родители!

Школа доводит до нашего сведения, что в реанимации инфекционки умер мальчик. На выходных он выпил «Тархун» (в стекле). Поднялся билирубин, интоксикация, 2 дня комы, спасти не удалось!!! Говорите с детьми, объясняйте! Там сейчас находится ещё девочка – выпила «Ситро» (стекло, марку не помнит) девочка под капельницами с пятницы. Обошлись без реанимации. Как сказала врач, там пол отделения с теми же результатами после энергетиков. Распространяйте информацию и предупреждайте детей!

Черный список продуктов для детей! Расскажите друзьям!

1. Напиток «Тархун», произведен в Украине (марка «Росинка») – содержит опасный краситель Е102;

2. Шоколадный батончик «MilkyWay», произведен в России (компания «Марс») – содержит опасный краситель Е129;

3. Безалкогольный напиток «Schweppes», произведен в Украине «Пряна Журавлина» (компания «Кока-Кола») – содержит опасный краситель Е129;

4. Безалкогольный напиток «С вкусом лайма», произведен в Украине (марка «Оболонь») – содержит опасный краситель Е102;

5. Мармелад «Апельсиновые и лимонные дольки», произведено в Украине (марка «Полная чаша») – содержит опасные красители Е102 и Е110;

6. Детские драже «M&Ms», произведены в России (компания «Марс») – содержит сразу 5 опасных красителей;

7. Конфеты «Барбарис», произведено в Украине (марка «Полная чаша») – содержит опасный краситель Е122;

8. Драже «Морские камешки», произведено в Украине (марка «Полная чаша») – содержит опасные красители Е102 и Е122;

9. Конфеты «Дюшес», произведено в Украине (марка «Полная чаша») – содержит опасный краситель Е102;

10. Напиток соковый «Сицилийский красный апельсин», произведено в Украине (марка «Сандора») – содержит опасный краситель Е110;

11. Конфеты «Гусиные лапки», произведено в Украине (марка «Полная чаша») – содержат опасный краситель Е129;

12. Рулет с начинкой «клубника» 7 days, произведен в России (марка «Chipita») – содержит опасный краситель Е124;

13. Две марки печенья «Фруктберри» со вкусом клубники и вишни, произведено в Украине (марка «АВК») – содержит опасный краситель Е122;

14. Мармелад для больных диабетом «Розмай», произведен в Украине – содержит сразу 3 опасных красителя Е102, Е122, Е124;

15. Безалкогольный сокосодержащий напиток «Fanta», произведен в Украине (компания «Кока-Кола») – содержит опасный краситель Е104.

Недавно в российских СМИ опубликовалась информация о том, что РАМН обнаружил в детских йогуртах «Растишка» этиленогликоль – один из самых опасных канцерогенов, вызывающих рак печени и желудка…

Внезапный рост подростковой смертности в России начался чуть больше 10 лет назад, но РАМН никак не мог объяснить такую ужасную тенденцию, и поэтому подобная информация держалась в строгом секрете… Оказывается, канцерогены, содержащиеся в детских йогуртах «Растишка» угнетающе действуют на функцию пищеварения, а также на нервную систему. Как выразился главный научный сотрудник РАМН, А. К. Соловьев, «Мы и представить не могли, что в детских продуктах содержится такой сильнодействующий яд!».

Далелсанҷони мо дақиқ карданд, ки ин хабар то куҷо дуруст аст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Азбаски паёми мазкур аз чанд қисмат иборат асту далелҳои ҷудогона дорад, тасмим гирифтем, ки онҳоро дар алоҳидагӣ санҷем.

Далели 1: Нӯшокии «Тархун»

WhatsApp
Скриншоти паём аз WhatsApp

Санҷиш маълум кард, ки хабари марги писарбача аз нӯшокии «Тархун» ҳанӯз 13-уми сентябри соли 2012 дар хабаргузории «LIFE» (бойгонӣ) аз ҷониби Светлана Громова ба нашр расидааст. Дар он гуфта мешавад, ки хонандаи 13-солаи яке аз мактабҳои Красноярск Александр Костюк баъд аз истеъмоли нӯшкокии 1,5-литраи «Тархун» ба ҳалокат мерасад. «Ӯ воқеан ҳам дар яке аз беморхонаҳои ин шаҳр баъд аз чанд рӯзи заҳролудшавӣ мефавтад»,- навиштааст хабаргузорӣ.

Аммо бо гузашти беш аз 7 сол ин хабар дар кишварҳои Русия, Укроин, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Тоҷикистон дубора расонаӣ мешавад. Овозаҳо тавассути мессенҷери WhatsApp дар бораи заҳролудшавии кӯдакон аз нӯшокиҳои газдор ва ҳатто аз ҳалокати кӯдаке дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи сироятӣ зуд паҳн мегардад. Ин нукта дар «Рӯйхати сиёҳи маҳсулот барои кӯдакон» зикр шудааст.

Далели 2: «Рӯйхати сиёҳи маҳсулот барои кӯдакон»

Ҳангоми санҷиш дақиқ гардид, ки «Рӯйхати сиёҳи маҳсулот барои кӯдакон» дар аввал «Рӯйхати сиёҳи Укроин» ном дошта, он бори нахуст соли 2012 дар сомонаи Маркази озмоишии «Тест» (бойгонӣ) интишор ёфтааст. Соли 2013 ин рӯйхат дар сомонаи «ТСН» (Телевiзiйна служба новин) низ нашр шудааст (бойгонӣ). Вале ҳадафи муаллифони «Рӯйхати сиёҳ» хайрхоҳӣ будааст. Чун сомонаи «Тест» борҳо навиштааст, ки дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қоидаҳои аломатгузории рангҳои синтетикӣ вуҷуд доранд.

Хулоса, пас аз 7 сол, «Рӯйхати сиёҳи Укроин» дубора ҳаёти нав гирифта, тавассути WhatsApp ҳамчун «вирус» паҳн мегардад.

Далели 3: Йогурти «Растишка»

Қисмати сеюм ва ниҳоии санҷиши мо, ки ба йогурти «Растишка» бахшида шудааст, маълум кард, ки маҳсулоти мазкур аз сӯйи Институти Хӯрокаи Академияи илмҳои тиббии Русия якҷоя таҳия ва назорат карда мешавад.

Вале солҳои 2014 ва 2016 корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳоеро дар бораи пайдо шудани «этиленгликол» дар йогуртҳои «Растишка» паҳн карданд. Дар сомонаи feedback.rastishka.ru (бойгонӣ) шарҳе мавҷуд аст, ки эҳтимол намояндаи расмии ин ширкат бошад.

Ҳукмнома

Хулоса, паёме, ки аз ҷониби хонандаи Factcheck.tj барои санҷиш ирсол карда шуд, «Фейк» буда, танҳо ба хотири гумроҳ намудани мардум, рақобати носолим ва амалӣ намудани ҳадафи шахсӣ паҳн гардидааст. Илова бар ин, чунин як огоҳии воқеан муҳим на тавассути WhatsApp, балки расман паҳн карда мешавад.


Ба Telegram-канали мо обуна шавед ва танҳо маълумоти боэътимодро ба даст оред!


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Рӯзноманигор, далелсанҷ. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм кардааст. Аз соли 2013 бо расонаҳои пешбари кишвар ҳамкориро оғоз карда, дар худ роҳи журналистикаи касбиро кашф кардааст. Аз соли 2015 инҷониб тадқиқоти журналистӣ мегузаронад ва азбаски тафтиши далелҳо ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошад, фаъолияташро дар ин самт низ идома дода истодааст.

Шарҳи худро гузоред