Ҳақиқат | Шоҳроҳи Помир ба панҷгонаи роҳҳои зебои ҷаҳон дохил шуд

Чӣ санҷида шуд?

10-уми октябри соли 2019 хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» хабареро таҳти унвони «Шоҳроҳи Помир ба панҷгонаи роҳҳои зебои ҷаҳон дохил шуд» (бойгонӣ) интишор намуд. Хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» дар такя ба портали нақлиётии «Car.ru» радабандии зеботарин роҳҳои ҷаҳонро нашр кард, ки тибқи он, шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистон ҷойи дуюмро гирифтааст. Ин хабар, ки байни хонандагон дар зудтарин фурсат ба матолиби пурмутолиа ва сербаҳс мубаддал гашт, боиси санҷиши мо гардид.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни санҷиш маълум шуд, ки ин хабарро худи ҳамон рӯз расонаҳои хабарии «ASIA-Plus» (бойгонӣ), «ТоҷикТА» (бойгонӣ) ва чанд расонаи дигар низ бо ҳамин мазмун ба нашр расонидаанд. Муаллифи радабандии мазкур портали нақлиётии русии «Car.ru» буда, онро 8-уми октябри соли равон зери унвони «Беҳтарин роҳҳои зебо дар ҷаҳон» чоп намудааст (бойгонӣ). Дар ин радабандии «Панҷгонаи роҳҳои зебои ҷаҳон» дараи Вердон дар Фаронса мақоми аввалро касб карда, шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистон ҷойи дуюм, шоҳроҳи амрикоии Далтон-Ҳайвей дар мақоми сеюм, шоҳроҳи Трансфэгэраш, ки тавассути Руминия мегузарад, дар ҷойи чаҳорум ва ниҳоят, шоҳроҳи Чуйск дар Русия дар мақоми панҷум ҷой гирифтаанд.

Вале ҳангоми ҷустуҷӯ дар «Google» дақиқ гардид, ки бори нахуст дар мавриди роҳҳои зеботарини ҷаҳон сомонаи «National Geographiс Traveler» ҳанӯз 28-уми феврали соли 2016 таҳти унвони «10 роҳи зеботарин дар ҷаҳон»-ро нашр кардааст (бойгонӣ). Ин сомона дар радабандии худ 10 роҳи зеботарини ҷаҳонро ҷамъ оварда, шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро низ дар мақоми дуюм ҷой додааст. Аз радабандӣ маълум гардид, ки дар «Панҷгонаи аввали роҳҳои зебои ҷаҳон» панҷ маконе, ки дар радабандии портали нақлиётии русии «Car.ru» омадааст, ба ҳам монанданд.

Ҳукмнома

Далелсанҷӣ нишон дод, иттилое, ки расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар такя ба портали нақлиётии «Car.ru» барои хонандагон пешниҳод кардаанд, дуруст мебошад. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат»-ро мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь