Дасткорӣ | Танҳо маҳбас. Дар Тоҷикистон ҷазо барои шиканҷа сахттар шуд

Чӣ санҷида шуд?

16-уми октябри соли равон дар телеграмм-канали «Dushanbe Post» маводе дар бораи қабул шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд (бойгонӣ). Дар мавод гуфта мешавад, ки санаи 16-уми октябр парлумони кишвар ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид кардааст. Ҳамин тавр, аз Кодекси ҷиноятӣ банди «пардохти ҷарима нисбати шахси гунаҳгор» ҳазф карда шуд.

Минбаъд, дар Тоҷикистон гунаҳкорони шиканҷа ва шахсоне, ки муносибати бераҳмона мекунанд, дигар бо ҷарима халос нахоҳанд шуд, балки аз 2 то 15 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Инчунин, мувофиқи тағйирот, афроди мансабдоре, ки даст ба шиканҷа мезанад, пас аз маҳрумият аз озодӣ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба муддати 10-15 сол маҳрум карда мешаванд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни ҷустуҷӯ маълум гардид, ки ин хабарро дигар ВАО, амсоли Радиои Озодӣ (бойгонӣ), Фергана (бойгонӣ) ва агентии иттилоотии мустақили «ҲАМСИНФ» (бойгонӣ) нашр намудаанд.

Азбаски сухан дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ меравад, мо сомонаи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ санҷидем. Дар сомонаи ин ниҳод зери сарлавҳаи «Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд» (бойгонӣ) хабаре нашр шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки яке аз бандҳояш пурзӯр намудани ҷазо барои шиканҷа мебошад, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

– Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хуқуқи инсон ҷихати пурзӯр намудани ҷазо барои шиканҷа ва пешгирӣ намудани он таҳия гардида, бо истифода аз хуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштааст,- омадааст дар хабар.

Барои дақиқ кардан ва ба даст овардани маълумоти бештар дар ин бора далелсанҷи мо бо вакили Маҷлиси намояндагон Мавлуда Мирзозода суҳбат орост. Ба гуфтаи Мирзозода, дар ҳақиқат тағйиру иловаҳо ба кодекси мазкур ворид карда шуда, он аз сӯйи вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёфтааст. «Баъд аз баррасӣ аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ он ба Президент пешниҳод карда мешавад ва пас аз интишори расмӣ қонуни мазкур мавриди амал қарор мегирад»,- афзуд вакил.

Ҳукмнома

Санҷиши мо нишон дод, ки ин тағйиру иловаҳо ҳанӯз мавриди амал қарор нагирифтааст ва дар ҳоли ҳозир барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Аз ин рӯ, ба хабари мазкур ҳукмномаи «Дасткорӣ»-ро раво донистем.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь