Чӣ санҷида шуд?
24-уми октябри соли равон хабаргузории «ТоҷикТА» хабареро таҳти унвони «Тоҷикистон аз ҷиҳати содагии пешбурди тиҷорат ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои ҷаҳон дохил шуд» бо забони русӣ («Таджикистан вошел в десятку стран по простоте ведения бизнеса») ба нашр расонд (бойгонӣ).
Хабаргузорӣ бо такя ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ (бойгонӣ) иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон дар радабандии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат-2020» аз рӯи нишондиҳандаи содагии пешбурди тиҷорат ба қатори 10 кишвари дорои иқтисоди нисбатан босамари дунё дохил шуд. Гуфта мешавад, дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон ба ин даҳгонаи беҳтарин Покистон, Арабистони Саудӣ, Урдун, Того, Баҳрайн, Кувайт, Чин, Ҳиндустон ва Нигерия ворид гаштаанд.
Хулоса, барои дақиқ намудани иттилои мазкур тасмим гирифтем, ки онро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҳангоми ҷустуҷӯ дар сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ иттилоъ дар бораи радабандии нави «Doing Business-2020» (бойгонӣ) ва ё «Пешбурди тиҷорат-2020» (бойгонӣ)-ро пайдо намудем. Дар ин радабандӣ, ки Бонки Ҷаҳонӣ таҳия кардааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон дар рушди тиҷорат ворид шудааст. Дар ин радабандии нав Тоҷикистон бо касби 61,3 хол миёни 190 давлат дар мақоми 106-ум ҷой гирифтааст. Дар радабандии соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи 126-ум қарор дошт.
Бино ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон асосан барои гузаронидани се ислоҳот дар даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари сол ворид гардидааст:
1. Додани рақами ягонаи иҷтимоӣ (СИН) ҳангоми сабти номи ширкати нав дар шаҳодатнома;
2. Беҳтар кардани дастрасии тиҷорат ба қарзҳои бонкӣ аз ҳисоби таъсиси махзани ягонаи гаравҳо;
3. Сабук кардани расмиёти гумрукӣ барои содироти маҳсулоти зудвайроншаванда.
Гуфта мешавад, дар зинаи аввали даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари сол дар «Doing Business-2020» имсол Покистон қарор гирифт. Дар ин даҳгона инчунин Арабистони Саудӣ, Урдун, Того, Баҳрайн, Тоҷикистон, Кувайт, Чин, Ҳиндустон ва Нигерия ҷой доранд.
Ҳамзамон, 24-уми октябри соли 2019 хабаргузории АМИТ «Ховар» (бойгонӣ) ва Радиои Озодӣ (бойгонӣ) низ радабандии мазкурро нашр намуда, таъкид кардаанд, ки Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон ворид кардааст. Вале хабаргузории «ТоҷикТА» дар сарлавҳа ва дохили матни худ Тоҷикистонро аз рӯи нишондиҳандаи содагии пешбурди тиҷорат ба қатори 10 кишвари дорои иқтисоди нисбатан босамари дунё дохил намудааст. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон дар рушди тиҷорат ворид шудааст. Чун дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ (бойгонӣ) ба даҳгонаи пешсафон аз рӯи сабукии пешбурди тиҷорат Зелендияи Нав, Сингапур, Ҳонконг, Дания, Куриёи Ҷанубӣ, ИМА, Гурҷистон, Бритониё, Норвегия ва Шветсия шомил гаштаанд.
Ҳукмнома
Далелсанҷӣ нишон дод, ки Тоҷикистон на ба даҳгонаи пешсафон аз рӯи сабукии пешбурди тиҷорат шомил шудааст, балки ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон дар рушди тиҷорат ворид гаштааст. Аз ин рӯ, ба иттилои хабаргузории «ТоҷикТА» ҳукмномаи «Дасткорӣ»-ро раво донистем.