Ҳақиқат | Шохиси амнияти саломатӣ: Тоҷикистон дар ҷои 130, Қирғизистон – 47 (инфографика)

Чӣ санҷида шуд?

Хабаргузории «Настоящее время» 29-уми октябри соли равон матлаберо таҳти сарлавҳаи «Шохиси амнияти саломатӣ» нашр намуд (бойгонӣ).

Дар ин шохис Қирғизистон миёни 195 давлати дунё ҷои 47-умро касб намудааст, ки аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни кишварҳои пасошӯравӣ баъд аз кишварҳои Балтик, Гурҷистон ва Арманистон гуфта мешавад.

Ҳамчунин, дар мавод омадааст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон дар ин рӯйхат зинаҳои 130 ва 135-умро ишғол намудаанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Туркманистон ба рӯйхати кишварҳое дохил карда шудаанд, ки барои ташхис, пешгирӣ ва мубориза ба паҳншавии беморӣ «омодагии кам» доранд.

Ин мавқеи Тоҷикистон, ки дар шохиси мазкур то ҷое нигаронкунанда мебошад, боис ба далелсанҷӣ гардид.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Бино ба иттилои сомонаи Global Health Security Index (бойгонӣ), дарвоқеъ Тоҷикистон (бойгонӣ) аз нигоҳи «Шохиси амнияти саломатӣ» миёни 195 давлати дунё бо нишондиҳандаи 32,3 дар қатори Нигерияву Афғонистон мақоми 130-умро касб кардааст (Нигаред ба ҳисоботи GHS Index: Tajikistan, p. 26).

Дар ин шохис мавқеи Қирғизистон низ зикр ёфта (бойгонӣ), ин давлат байни кишварҳои Муғулистону Арабистони Саудӣ бо нишондиҳандаи 49,3 дар мақоми 47-ум қарор гирифтааст (GHS Index: Kyrgyz Republic, p. 22).

Ҳукмнома

Натиҷаи санҷиши мо маълум намуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон воқеан ҳам дар ин шохис ҷойҳои 130 ва 47-умро ишғол менамоянд. Бинобар ин, ҳукмномаи далелсанҷиамон «Ҳақиқат»-ро гирифт.

Фарзонаи МАҲМАДУЛЛО


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь