Ҳақиқат | Арзиши Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон $4,84? (инфографика)

Чӣ санҷида шуд?

Тоҷикистон аз нигоҳи арзиши Интернети мобилӣ дар радабандии хабаргузории «Настоящее время» миёни 230 кишвари дунё дар ҷойи 103-ум қарор гирифтааст (бойгонӣ). Дар ин радабандӣ нишон дода шудааст, ки арзиши миёнаи 1 Гб Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 4,84 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад (баробар ба 45,68 сомонӣ бо назардошти қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои санаи 15.03.2019 (бойгонӣ) муайян кардааст).

Бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ҳақиқати ҳол мо ин радабандиро мавриди санҷиш қарор додем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Бино ба таҳқиқоте, ки дар сомонаи Cable.co.uk чоп шудааст (бойгонӣ), арзиши миёнаи 1 Гб Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 4,84 доллари ИМА зикр гардидааст.

Маҷалаи «Forbes» низ 5-уми марти соли 2019 дар такя ба сомонаи Cable.co.uk матлабе ба нашр расондааст (бойгонӣ), ки мувофиқи он, арзиши 1 Гб Интернети мобилӣ дар Ҳиндустон $0,26, Қирғизистон $0,27 ва Қазоқистон $0,49 ҳисоб карда шудааст. Ин кишварҳо ба сегонаи давлатҳое дохил шудаанд, ки дар ҷаҳон интернети аз ҳама арзон доранд.

Радабандии сомонаи мазкур дар байни 230 кишвари дунё гузаронида шудааст ва арзиши миёнаи 1 Гб Интернети мобилиро дар Зимбабве $75,20 ҳисоб намуда, онро аз ҳама гаронтарин арзёбӣ кардааст.

Ҳукмнома

Дарвоқеъ, имрӯз масъалаи дастрасӣ ба Интернет ва вобаста ба арзиши он аз масъалаҳои умда ба шумор меравад. Натиҷаи санҷиши мо низ маълум кард, ки воқеан ҳам арзиши миёнаи 1 Гб Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 4,84 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо ба ин радабандӣ ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро нисбат додем.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь