Ҳақиқат | Хуҷанд яке аз амнтарин шаҳрҳои ОМ ва Қафқоз дониста шуд

Чӣ санҷида шуд?

4-уми ноябри соли 2019 ОИ «SugdNews» маводеро таҳти унвони «Хуҷанд яке аз амнтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дониста шуд» («Худжанд признан одним из самых безопасных городов ЦА и Кавказа») интишор кард (бойгонӣ).

Дар мавод омадааст, ки як гурӯҳи мутахассисони International Strategy Partners Group нишондиҳандаҳои иқтисодии 40 шаҳри кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро таҳлил кардаанд. Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқот, Хуҷанд аз рӯи сатҳи пасти ҷинояткорӣ, пас аз Ашқобод ҷои дуюмро гирифтааст. Ин оҷонсии иттилоотӣ дар такя ба хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» иттилоъ додааст (архив). Тавре дар хотир дорем, бинобар амалҳои террористии ахир дар кишвар, аз ҷумла дар Хуҷанд, сарлавҳаи маводи мазкур бароямон шубҳанок намуд ва мо тасмим гирифтем, ки онро бисанҷем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Азбаски ОИ «SugdNews» дар матни худ ба «Sputnik Тоҷикистон» ишора мекунад, мо инчунин, сомонаи хабаргузориро низ тафтиш кардем. Маълум шуд, ки ҳанӯз 2-уми ноябр дар ин бора «Sputnik Тоҷикистон» хабар додааст (бойгонӣ). Хабаргузорӣ дар такя ба натиҷаҳои тадқиқоти International Strategy Partners Group хабар дода, ҳисоботро дар шакли pdf пешкаш кардааст.

Пеш аз назар кардан ба ҳисобот, мо дар бораи оҷонсии таҳқиқотӣ маълумотеро ҷустуҷӯ намудем. Бо кӯмаки ҷустори Google, мо сомонаи оҷонсии таҳқиқотӣ – ISPG-ро пайдо кардем. Боварӣ ҳосил намудем, ки ISPG воқеан ҳам бюрои байналмилалии машваратӣ буда, аз соли 1994 ба ин сӯ фаъолият дорад. Сипас, дар саҳифаи асосии сомонаи ширкат мо таҳлили заруриро дарёфтем (бойгонӣ).

Мо бо ҳисобот шинос шудем. Он аз 106 саҳифа иборат аст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар он рақобатпазирии шаҳрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва ҷолибияти онҳо барои пешбурди тиҷорат, зиндагӣ ва сармоягузорӣ аз рӯи маълумоти соли 2018 зикр ёфтааст.

Дар маҷмӯъ, дар ин таҳқиқот 40 шаҳр аз 8 кишвари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз фаро гирифта шудааст. Дар асоси маълумоти омории сомонаҳои расмии мақомоти дахлдори кишварҳо, барои таҳлил 14 нишондиҳанда гирифта шуда, он ба 5 соҳаи асосӣ тақсим карда шудааст: рушди технологӣ ва сармояи инсонӣ, иқтидори иқтисодӣ ва савдо, инчунин партовҳои муҳити зист ва сатҳи ҷинояткорӣ.

Радабандӣ дар асоси шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда нисбат ба аҳолӣ таҳия карда шудааст. Хуҷанд аз рӯи сатҳи пасти ҷинояткорӣ дар ҷои дуюм, баъд аз Ашқобод қарор гирифтааст.

Далели заруриро барои санҷиш мо дар саҳифаи 18-уми ҳисобот, ҷадвали 14 пайдо кардем.

Ҳукмнома

Матолиби ОИ «SugdNews» ва «Sputnik Тоҷикистон» дар асоси пажӯҳиши бюрои байналмилалии машваратии ISPG таҳия шудааст. Натиҷаи далелсанҷии мо нишон дод, ки чунин маълумот дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат»-ро мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь