Дасткорӣ | Ҳамарӯза дар Тоҷикистон ҳазор оила пош мехӯрад

Чӣ санҷида шуд?

25-уми ноябри соли равон дар сомонаи «The Asia Times» хабаре таҳти унвони «Ҳамарӯза дар Тоҷикистон ҳазор оила пош мехӯрад» («Каждый день в Таджикистане распадаются 1 тыс. семей») нашр шуд (бойгонӣ).

Дар сарлавҳаи хабар гуфта мешавад, ки ҳамарӯза дар Тоҷикистон ҳазор оила пош мехӯрад, вале дар матни он омадааст, ки дар Тоҷикистон ҳар рӯз 34 оила аз ҳам ҷудо мешаванд. Дар идома боз ин хабаргузорӣ менависад, ки дар нӯҳ моҳи соли равон беш аз 9 ҳазор оила вайрон шудаанд. Яъне, ҳар моҳ ҳазор оила аз ҳам ҷудо  мешаванд.

Ин нишондодҳои чандон ба ҳам номувофиқ, ки дар такя ба омори расмӣ гуфта шудаанд, боис ба санҷиши хабари мазкур гардид.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни ҷустуҷӯ айнан ҳамин матни хабаргузории «The Asia Times»-ро дар бахши русии Радиои Озодӣ пайдо кардем. Аммо матлаб 24-уми ноябри соли равон зери сарлавҳаи «Ҳар моҳ дар Тоҷикистон ҳазор оила пош мехӯрад» («Каждый месяц в Таджикистане распадаются 1 тыс. семей») нашр шудааст (бойгонӣ), на оне, ки хабаргузории «The Asia Times» менависад: «Ҳамарӯза дар Тоҷикистон ҳазор оила пош мехӯрад» (бойгонӣ).

Сипас, матни хабари «The Asia Times»-ро, ки ба матни хабари Радиои Озодӣ бисёр шабоҳат дошт, онро дар барномаи «Text.ru» (абзорест, ки ба таври онлайн фоизи беназирӣ ё беҳамтоии матнро нишон хоҳад дод,- шарҳи factcheck.tj) мавриди санҷиш қарор додем. Маълум гардид, ки хабари «The Asia Times» 100% дуздӣ аст, чун барнома нишон дод, ки матлаб пурра аз Радиои Озодӣ гирифта шуда, истинод ба манбаъ вуҷуд надорад ва ҳатто ягон калима аз тарафи ин хабаргузорӣ илова ҳам карда нашудааст.

Бар пояи иттилои охире, ки дар ҳисоботи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Шумораи никоҳ ва талоқ дар моҳҳои январ-сентябри солҳои 2018-2019» омадааст, шумори умумии талоқ дар нӯҳ моҳи соли 2019 ҳамагӣ 9 ҳазору 394 нафар нишон дода шудааст. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли 2018 бошад, 8 ҳазору 283 нафарро ташкил медиҳад.

Ифтихор Самадзода, муовини сардори мақомоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ)-и ҷумҳурӣ дар иртибот бо мо зиёда аз 9 ҳазор пошхӯрии оилаҳоро дар ин давра тасдиқ кард ва гуфт:

– Дар нӯҳ моҳи соли 2019 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бекоршавии ақди никоҳ 9 ҳазору 361 ададро ташкил медиҳад,– афзуд ӯ.

Ҳарчанд маълумоти ин ду сарчашмаи расмӣ ба якдигар наздиканд, вале он нишондоде, ки дар матни хабаргузориҳои дар боло зикршуда омадаанд, воқеан ҳам бо манбаъҳои расмӣ мувофиқат мекунанд. Танҳо сарлавҳаи «The Asia Times» бо номи «Ҳамарӯза дар Тоҷикистон ҳазор оила пош мехӯрад» (бойгонӣ) чандон дуруст нест, зеро сарлавҳаи мавод бо матни он мухолифат дорад.

Ҳукмнома

Санҷиш нишон дод, ки хабаргузории «The Asia Times» ба хотири ҷалби хонандаи зиёд даст ба чунин сарлавҳа («Дар Тоҷикистон ҳамарӯза ҳазор оила пош мехӯрад») задааст. Зеро, чунин тарзи пешниҳод аз тарафи ин хабаргузорӣ бори аввал набуда, қаблан низ бо ҳамин шакл хабарҳои нодурустро паҳн мекард. Аз ин лиҳоз, мо ба ин хабар ҳукмномаи «Дасткорӣ»-ро нисбат додем.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь