Ҳақиқат | Боздошти беш аз 1 тонна маводи мухаддир аз ҷониби гумрукчиён ба маблағи 6 млрд. доллар (навор)

Чӣ санҷида шуд?

Хабаргузории «Россия 24» санаи 17-уми декабри соли 2019 хабареро таҳти унвони «Боздошти беш аз 1 тонна маводи мухаддир аз ҷониби гумрукчиён ба маблағи 6 млрд. доллар» («Таможенники задержали более тонны наркотика стоимостью 6 миллиардов») ба нашр расонд (бойгонӣ). Ҳамчунин, навори гузоришро зери ин сарлавҳа дар саҳифаи «YouTube»-и хабаргузорӣ низ метавон тамошо кард (бойгонӣ).

https://www.youtube.com/watch?v=tjqRfFqCCUY

Хабаргузорӣ дар такя ба Хадамоти федеролии гумруки Русия мегӯяд, кормандони гумруки Внуково 2400 адад шишаҳои як литраро боздошт кардаанд, ки ҳар кадомашон беш аз ним кило метадон доранд.

Вазни умумии тахминии маводи мухаддир 1235 кг буда, дар бозори сиёҳ арзиши умумии он аз 5,8 то 6 млрд. рублро ташкил дода метавонад.

Гуфта мешавад, моле, ки аз Олмон ба Тоҷикистон интиқол меёфт, дар яке аз анборҳои муваққатии фурудгоҳи Внуковои Русия нигаҳдорӣ мешуд ва аз сӯи гумрукчиён боздошт гардид.

Бино ба хабарҳо, моли мазкур дар ҳаҷми ниҳоят калон гӯиё аз ҷониби Хазинаи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид равона карда шудааст.

Дурустии ин хабарро Factcheck.tj мавриди санҷиш қарор дод ва онро дақиқ кард.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Хабари мазкурро нахуст дар «Google» ҷустуҷӯ намудем. Зимни ҷустуҷӯ маълум шуд, ки хабаргузориҳое чун «РБК» (бойгонӣ), «RG.RU» (бойгонӣ), «ТАСС» (бойгонӣ), «РИА Новости» (бойгонӣ) ва амсоли инҳо хабари мазкурро нашр кардаанд.

Ин хабаргузориҳо аз боздошти миқдори зиёди метадон дар такя ба иттилоияи расмии Хадамоти федеролии гумруки Русия, ки 17-уми декабри соли 2019 дар сомонааш чоп намуд, маълумот додаанд (бойгонӣ). Ҳарчанд Хадамоти федеролии гумруки Русия дар бораи он ки гӯиё моли боздоштшуда ба Хазинаи ҷаҳонии СММ мутааллиқ аст, чизе нагуфтаанд, вале намояндаи Барномаҳои рушди СММ ба хабаргузории «РИА Новости» тасдиқ кардааст (бойгонӣ), ки моли мазкур ба онҳо таллуқ дорад.

«Ин миқдори метадоне, ки 79 ҳазору 310 доллари амрикоӣ арзиш дорад, як қисми барномаи пешгирии ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон аст ва он барои табобати шахсоне, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд, басо муҳим мебошад»,- афзудааст намояндаи Барномаҳои рушди СММ.

Бино ба иттилои хабаргузории «Интерфакс», ҳоло масъулони Барномаҳои рушди СММ бо мақомоти Русия барои ҳалли ин мушкилот дар алоқа ҳастанд (бойгонӣ).

«Мол дар Маскав бинобар нодуруст тамғагузорӣ шудан боздошт карда шуд. Барномаи рушди СММ феълан бо мақомоти Русия барои ҳалли мушкилот ҳамкорӣ дорад ва омода аст, барои ҳамагуна суолҳо посух диҳад»,– гуфта мешавад дар изҳороти Дафтари матбуотии Барномаҳои рушди СММ дар Душанбе.

Рустам Шарипов, муовини сардори Хадамоти наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба «Интерфакс» гуфтааст, маводи метадони дар фурудгоҳи Внуковои Маскав боздоштшуда на қочоқ, балки кӯмаки СММ барои мубориза ба бемории ВИЧ/СПИД ва табобати гирифторони бемориҳои нашъамандӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳукмнома

Натиҷаи санҷиши мо тасбит намуд, ки хабари боздошти маводи мухаддир аз ҷониби кормандони гумруки Русия, ки аз Олмон ба Тоҷикистон интиқол меёфт ва он ба Хазинаи ҷаҳонии СММ тааллуқ дорад, «Ҳақиқат» аст.

Найк МОРИС


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь