Фактчекnews | Instagram ба блогнависон рекломҳои вейпу тамоку ва силоҳро манъ мекунад

Instagram эълон кард, он блогнависоне, ки вейпу тамоку ва силоҳро дар эълонҳои сарпарастӣ ҷойгир менамоянд, манъ мекунад. Дар ин бора Tjournal бо истинод ба блоги ширкат хабар додааст.

Соҳиби шабакаи иҷтимоии Facebook қаблан низ ба брендҳо харидани рекломи мақсадноки ин гуна маҳсулотро манъ карда буд. Аммо ширкатҳо бо истифода аз фурсат, аз блогнависон паёмҳоеро, ки ба онҳо қоидаҳои болоӣ риоя намешуданд, хариданд.

Ширкат инчунин қайд кард, ки барои таблиғи шароб ва иловаҳои парҳезӣ «талаботи махсус» муқаррар мекунад, аммо маҳз чиро дақиқ нагуфт. Ин манъ «дар ҳафтаҳои наздик» эътибор пайдо мекунад.

Дар оғози моҳи декабр Instagram ба синну соли корбарон аҳамият дода, маҳдудияти синну соли «13+»-ро ҷорӣ кард. Ҳадаф аз он бехатарии ҷавонон гуфта мешавад.

Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь