Фактчекnews | Ҳукумати Фаронса «Bloomberg»-ро барои паҳни хабари бардурӯғ $5,5 млн. ҷарима кард

0
800
Bloomberg
Акс аз хабаргузории "Bloomberg"

Ҳукумати Фаронса хабаргузории «Bloomberg»-ро барои паҳни хабари бардурӯғ, ки боиси паст шудани арзиши саҳмияҳо дар ширкати сохтмонии Vinci шуд, 5,5 миллион доллар ҷарима кардааст. Дар ин бора хабаргузории Tjournal хабар медиҳад.

Моҳи ноябри соли 2016 хабаргузорӣ дар такя ба варақаи иттилоотии қаблакӣ хабареро нашр кард ва гуфт, ки ширкати сохтмонии фаронсавии Vinci пас аз қонуншикании «хеле ҷиддӣ» ба баррасии ҳисоби худ шурӯъ кардааст. Хабари мазкурро расонаҳои дигар низ иқтибос овардаанд, ки боиси коҳиш ёфтани саҳмияҳои ин ширкати сохтмонӣ дар ҳаҷми 18,28% шудааст.

Бино ба иттилои мақомот, «Bloomberg» ин хабарро насанҷида, паҳн кардааст. Дар ҳоле, ки санҷиши зуд метавонист нишон диҳад, ки ин маълумот бардурӯғ аст.

Охири моҳи ноябр коршиносони CHEQ ва Донишгоҳи Балтимор ҳисоб карданд, ки хабарҳои бардурӯғ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳар сол тақрибан 78 миллиард доллар таъсир мерасонанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here