Фактчекnews | Дар соли 2020 ҳакерҳо «ҷанги нави сард»-ро оғоз хоҳанд кард. Силоҳи асосӣ хабарҳои бардурӯғ хоҳад буд

Дар фазои кибери ҷаҳонӣ дар соли 2020 «ҷанги нави сард»оғоз мешавад, ки василаи асосии набардҳо хабарҳои бардурӯғ хоҳад буд. Чунин пешгӯиро зимни омӯзиш коршиносони киберии ширкати «Check Point» таҳия кардаанд.

«Ҷанги нави сард дар ҷаҳони онлайнӣ рӯй хоҳад дод. Ҳамлаҳои киберӣ ҳамчун муноқишаҳои ғайримустақими байни кишварҳои хурд, ки аз ҷониби кишварҳои бузург маблағгузорӣ ва дастгирӣ карда мешаванд, мехоҳанд таҳкиму густариши доираи нуфузашонро боз ҳам васеътар кунанд»,- хабар медиҳад РИА «Новости» бо истинод ба пажӯҳиш.

Яке аз тамоюлҳо, ба гуфтаи ширкатҳои IT, ин хабарҳои бардурӯғ мебошад, ки дар маъракаҳои интихоботӣ пайдо мешаванд. Ҳамчун намуна, коршиносони киберӣ хабарҳои қалбакии соли 2016-ро меоранд, ки зимни интихоботи Раисҷумҳури Амрико паҳн шуда буд.

Тадқиқиотчиён инчунин интизоранд, ки дуздии маълумоти шахсӣ тавассути рассилкаҳо афзоиш меёбанд. Онҳо мактубҳои сохта фиристода, зоҳиран худро муассисаҳои молиявӣ ва ҳукуматӣ муаррифӣ менамоянд.

Манбаъ: URA.NEWS

Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь