ДАР СОЛИ 2020 ТАМАННО МЕКУНЕМ, КИ ХАБАРҲОИ ФЕЙКӢ КАМ ВА ИТТИЛООТИ САҲЕҲ БЕШТАР БОШАД!

0
883
factcheck.TJ

Дӯстон ва ҳамкасбони азиз,

Аз самими қалб шуморо бо Соли Нави 2020 муборакбод менамоем!

Бигзор ин ҷашн ба мо умеди хушбахтӣ бахшад, ба ҳар нафари мо оғози хурсандии нав ва мазаи пирӯзиҳои ҷадидро ҳадя намояд! Соли сипаришуда бо ин ё он роҳ пур аз рӯйдоду дастовардҳои муҳиму навин буд. Пас, бигзор Соли Нав умеди моро боз ҳам афзун намуда, ба мо саломатии бардавом, хушбахтии комил, суботи рӯҳӣ ва эътимод ба нерӯи худро дучанд гардонад. Ва ҳамеша дар назди шумо одамони наздик, дӯстони содиқ ва дар хонадонатон шукуфоию муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон бошад!

СОЛИ НАВИ 2020 МУБОРАК!!!

Бо камоли эҳтиром, гурӯҳи «FACTCHECK.TJ»

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here