Чӣ санҷида шуд?
26-27 декабр дар расонаҳои хабарии тоҷикӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи Юлдуз Усмоноваи «қалбакӣ» ва консерти бардурӯғи ӯ хабарҳои гуногун паҳн шуданд.
Дар хабарҳо омадааст, ки шоми 25-уми декабри соли 2019 дар тарабхонаи «Садбарг»-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бояд консерти овозхони шинохтаи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова доир мешуд. Вале дар саҳна на Юлдуз, балки нафаре монанд ба ӯ ҳозир шуда, овозхонӣ кардааст.
Ин хабар давоми ду рӯз вирди забонҳои мардуми тоҷик буд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ миёни корбарон баҳсу мунозираи зиёдеро ба бор овард.
Бинобар ин, factcheck.tj тасмим гирифт, ки хабари мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Зимни ҷустуҷӯ маълум гардид, ки шаби 25 ба 26-уми декабри соли 2019 нахуст хабаргузории «Akhbor.com» дар гурӯҳи фейсбукии худ бо номи «АХБОР (Akhbor.com)» (бойгонӣ) дар бораи Юлдуз Усмоноваи «қалбакӣ» ва консерти бардурӯғи ӯ хабар додааст. Матлаби мазкур таҳти унвони «ВО-АҶАБ! ХУДИ ЮЛДУЗ ХАБАР НАДОШТ, КИ ДАР ИСТАРАВШАН КОНСЕРТ ДОРАД (5 АКС)» дар сомонаи хабаргузорӣ нашр шудааст (бойгонӣ).
Дар такя ба хабаргузории «Akhbor.com», расонаҳои дигари тоҷикию ӯзбекӣ дар ин бора хабар доданд.
Биёед акнун, қадам ба қадам дида мебароем:
1. Эълоннома (афиша) ва чипта
Бино ба иттилои хабаргузории «Akhbor.com», ташкилкунандагони консерт бо ваъдаи ба Истаравшан овардани Юлдуз Усмонова бо нархи 350 сомонӣ ба мардум беш аз 350 чипта фурӯхта, зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ овардаанд.
Ҳатто эълоннома (афиша) ва чиптаи ин консерт низ чанд хатои дағали имлоӣ дорад, ки агар ба онҳо аҳамият дода бошед, «Декабр»-ро ҳамчун «Декабир» ва «Контроль»-ро чун «Кантроль» навиштаанд.
Акси чипта аз саҳифаи як корбари Facebook
2. Юлдуз Усмоноваи «қалбакӣ»
Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook Зарифчон Шарипович санаи 27-уми декабри соли 2019 дар гурӯҳи «Я Люблю Худжанд! I Love Khujand! Хуҷандро дӯст медорам!» (бойгонӣ) аввалин навори 1-дақиқаӣ аз он консертро зери сарлавҳаи «Фальшивая Юлдуз Усмонова» нашр кард.
Ҳарчанд ин навор бевосита ба консерте, ки дар Истаравшан баргузор шудааст, рабт надорад. Вале дар он дида мешавад, ки садову симо ва рақси ин сароянда бо вуҷуди он ки ба Юлдуз Усмоноваи ҳақиқӣ монандӣ дошта бошад ҳам, барои мухлисони ашаддӣ як нигоҳ кофист, то пай баранд. Чун дар саҳна ба ҷои Юлдуз як нафари монанд ба ӯ овозхонӣ дорад.
3. Юлдуз Усмоноваи ҳақиқӣ чӣ мегӯяд?
Скриншот аз сомонаи Akhbor.com
Дар мукотибаи онлайнӣ маълум аст, ки тамошобинони фиребхӯрда бо менеҷери Юлдуз Усмонова тамос гирифта, аз баргузории консерти ин сароянда дар Тоҷикистон ва бо равон кардани аксе Юлдуз аст ё на, пурсон шудаанд. Дар ҷавоб менеҷери ҳунарманд ҳамаи инро қатъиян рад намуда, гуфтааст: «Мо (Юлдуз Усмонова,- шарҳи factcheck.tj) дар Тошкандем ва акси мазкур Юлдуз Усмонова нест».
Ин ҷавоб боис шуд, ки саҳифаи Instagram ва сомонаи Юлдузро мавриди санҷиш қарор диҳем.
25-уми декабри соли 2019 Юлдуз Усмонова дар саҳифаи расмиаш бо номи yulduzusmonovamusic дар Instagram гуфтааст: «Рӯзи 26-уми декабр, соати 14:00 дар толори шабакаи телевизиони «ZO’R TV»-и Тошканд маросими муаррифии албоми нави Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар барномаи «Siz bilan» («Бо шумо») сурат мегирад» (бойгонӣ).
Скриншот аз саҳифаи расмии Инстаграми Юлдуз Усмонова
Инчунин, дар сомонаи расмии Юлдуз Усмонова ягон иттилоъ доир ба баргузории консерт дар Истаравшан мавҷуд нест (бойгонӣ).
Скриншот аз сомонаи расмии yulduz.uz
4. Узрпурсии «Юлдуз Усмонова» ва аксҳои ӯ дар қалъаи Муғ
Ахиран маълум гардид, 25-уми декабри соли гузашта ба ҷои Юлдуз Усмонова назди мухлисони тоҷики ӯ на зан, балки як мард овозхонӣ кардааст. Ӯ тақлидкори ӯзбекистонӣ буда, ному насабаш Рустамхоҷа Усмонов гуфта мешавад.
Тавре хабаргузории «ASIA-Plus» менависад (бойгонӣ), Усмонов дар саҳифаи «Instagram»-аш аз мардуми Тоҷикистон узр пурсида, гуфтааст, ӯро ҳам фиреб кардаанд, чун фикр намекардаст, ки иштирокдорони барнома Юлдуз Усмоноваи воқеиро интизоранд.
Дар шабакаи иҷтимоии Instagram ин тақлидкори ӯзбекистониро ҷустуҷӯ намудем ва ӯро бо номи rustamxojausmonov_offical пайдо кардем. Дар саҳифаи Усмонов чанд аксу навореро ба даст овардем, ки аз ташрифи ӯ то узрпурсиаш сабт ёфтаанд.
Скриншот аз саҳифаи расмии Инстаграми Рустамхоҷа Усмонов.
Тақлидкори Юлдуз Усмонова аз тарафи рост дуюм
Нахуст, акси Рустамхоҷа Усмоновро бо 3 нафар дар қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан пайдо кардем (бойгонӣ), ки 27-уми декабр, яъне баъд аз бозгашти ӯ ба Ӯзбекистон дар саҳифааш гузошта шудааст.
Дертар боз чанд акси ӯро дар саҳифааш дарёфтем, ки дар назди қалъаи Муғ бардошта шудааст (бойгонӣ).
Скриншот аз саҳифаи расмии Инстаграми Рустамхоҷа Усмонов.
Дар акс тақлидкори Юлдуз Усмонова (Қалъаи Муғ)
Инчунин, Рустамхоҷа Усмонов навореро дар «Instagram»-аш ҷой дода, дар зери он «ба меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон тан додам, дигар илоҷ нест»,- гӯён арзи сипос намудааст. Дар идома аз кулли мардум узрхоҳӣ намуда, «моро низ фиреб карданд» гуфтааст (бойгонӣ).
Скриншот аз саҳифаи расмии Инстаграми Рустамхоҷа Усмонов.
Узрпурсии “Юлдуз Усмонова” аз мардуми Тоҷикистон
5. «Даракчи» ва мақомоти милиса аз чӣ дарак доданд?
Хабаргузории маъруфи «Даракчи»-и Ӯзбекистон низ санаи 26-уми декабри соли сипаришуда дар такя ба хабаргузории «Akhbor.com» матлаберо зери сарлавҳаи «Дар шаҳри Истаравшани Тоҷикистон консерт бо Юлдуз Усмоноваи «қалбакӣ» баргузор шуд» («В таджикском Истаравшане прошёл концерт с «фейковой» Юлдуз Усмановой») бознашр кардааст (бойгонӣ).
Юлдуз Усмонова ва Рустамхоҷа Усмонов.
Таҳияи акси ASIA-Plus
Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти интизомӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба таҳқиқи қазияи консерти Юлдуз Усмоноваи «қалбакӣ» шурӯъ кардаанд (бойгонӣ). Гуфта мешавад, созмондиҳандагони барномаи ҳунарӣ – ду сокини шаҳри Истаравшан (Ҷамшед ва Шерзод,- шарҳи factcheck.tj), шоми 26-уми декабр ба идораи милиса даъват ва бозпурсӣ шудаанд.
Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд низ оғози бозпурсии ташкилкунандагони консертро тасдиқ кардааст.
Ҳукмнома
Бар асоси ин далелҳо, маълум мешавад, ки созмондиҳандагони консерт ба ҷойи Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова, як тақлидкори ӯзбекистонӣ бо номи Рустамхоҷа Усмоновро даъват карда, мардумро фиреб додаанд. Аз ин лиҳоз, ба хабари мазкур ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро раво донистем.