Фактчекnews | Истеҳсоли аввалин смартфон дар ҷаҳон барои нобиноён бо ҳуруфи Брайл

Дар Ҳиндустон аввалин смартфон дар дунё барои одамони узви босираашон суст ва ё маҳрум аз қобилияти биноӣ ба фурӯш бароварда шуд. Дастгоҳ бо «экран»-и худ, ки шабакаи мухобиротии он дар асоси ҳуруфи Брайл сохта шудааст, фарқ мекунад. Дар ин бора СММ дар сафҳаи «Facebook»-аш хабар додааст.

Смартфон дар асоси технологияи Shape Memory Alloy истеҳсол гашта, ба таъсири хотираи шакл асос ёфтааст (падидаи бозгашт ба шакли аслии он ҳангоми гармкунӣ, ки дар баъзе мавод пас аз деформатсияи пешакӣ мушоҳида карда мешавад).

Экрани смартфон, агар онро экран номидан мумкин бошад, мутобиқи талабот, шабакаи алоқаҳоро аз боло ба поён ҷойгир мекунад. Ин шабака алифбои Брайлро аз худ намуда, алоқаҳои мухталиф барои ҳарфу аломатҳои муайян масъуланд.

Гуфта мешавад, экран як намуди тарҷумонест, ки метавонад матни одии дорои ҳарфҳои ба ҳама шиносро ба Брайл ва баръакс тарҷума кунад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь