Дурӯғ | Ҳалокати 8 муҳоҷир аз Тоҷикистон ҳангоми сӯхтор дар вилояти Маскав

Чӣ санҷида шуд?

Бахши русии хабаргузории «Садои Амрико» («Голос Америки») 7-уми январи соли ҷорӣ матлаберо ба табъ расонид, ки он дар бораи «Ҳалокати 8 муҳоҷир аз Тоҷикистон ҳангоми сӯхтор дар вилояти Маскав» («Восемь мигрантов из Таджикистана погибли при пожаре в Подмосковье») мебошад (бойгонӣ).

Гуфта мешавад, ки гӯиё 8 тан аз муҳоҷирони корӣ, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, бар асари сӯхтор дар вилояти Маскав ба ҳалокат расидаанд.

Хабаргузорӣ бо такя ба намояндагони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия (МЧС) дар ин бора иттилоъ додааст.

Бино ба хабарҳо, сӯхтор дар маҷмааи гармхонаи деҳаи Нестеровои ноҳияи Раменскии Маскав дар масоҳати 240 метри мураббаъ рух додааст. Азбаски ин хабар дар як вақт дар чанд расонаҳои дигар ба нашр расид ва ҳувияти нафарони дар сӯхтори мазкур ҳалокшуда шаҳрвандони Вейтнам низ гуфта мешуд, қарор кардем, ки ахбори мазкурро бисанҷем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Баъд аз сар задани сӯхтори мазкур чанде аз расонаҳо, мисли «ВЕСТИ.RU» (бойгонӣ), «Фергана.ру» (бойгонӣ), «Sputnik» (бойгонӣ), «Avesta» (бойгонӣ) ва «Оила.tj» (бойгонӣ) бо такя ба тахмини масъулини Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия иттилоъ доданд, ки «эҳтимол ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд».

Вале бо гузашти чанд вақт, хабаргузориҳои «РИА НОВОСТИ» (бойгонӣ), «Regnum» (бойгонӣ), «Радио Озоди» (бойгонӣ), «ASIA-Plus» (бойгонӣ) ва ҳатто «Sputnik» (бойгонӣ) низ дар такя ба маълумоти ВҲФ Русия ва сафорати Тоҷикистон дар Русия навиштанд, ки ҳалокшудагон шаҳрвандони Вейтнам ҳастанд, на Тоҷикистон.

Маркази матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия 7-уми январи соли равон бо пахши изҳороти расмӣ дар сомонаи худ хабар дод (бойгонӣ), ки иттилоот дар бораи ҳалокати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сӯхтор дар гармхонаи ноҳияи Раменскии вилояти Маскав асоси воқеӣ надорад.

– Масъулини сафорати Тоҷикистон, ки ба ҷои ҳодиса ташриф овардаанд, муайян кардаанд, ки қурбониён шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд,– омадааст дар изҳорот.

Ҳукмнома

Санҷиши мо маълум кард, ки хабари «Садои Амрико» таҳти унвони «Ҳалокати 8 муҳоҷир аз Тоҷикистон ҳангоми сӯхтор дар вилояти Маскав» носанҷида пешниҳод шудааст. Бинобар ин, далелсанҷии мо ҳукмномаи «Дурӯғ»-ро касб намуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь