Минбаъд, Facebook дипфейк ва наворҳои дасткоришударо тоза хоҳад кард. Дар ин бора RTVI бо истинод ба блоги ширкат хабар додааст.
Пеш аз ҳама, муҳтаво, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ сохта шуда, чеҳраву овозҳои одамонро тағйир медиҳад, маъруф бо deepfake, мамнӯъ хоҳад шуд.
Бар илова, навор ҳангоме тоза карда мешавад, ки агар маълум гардад, ки он ба тарзи корбарии муқаррарӣ таҳрир карда шудааст. Аз ин сабаб худкор фикр мекунад, ки шахс суханоне гуфтааст, ки вай аслан нагуфтааст.
Гуфта мешавад, ин чораҳо як навъ омодагии шабакаи иҷтимоӣ ба интихоботи президентии ИМА аст, ки тирамоҳи соли 2020 доир хоҳад шуд.
Бино ба таъкиди ширкат, агар навор аз ҳаҷву мутоиба иборат бошад, онро пок намесозанд. Барои муайянсозии муҳтаво (контент) 50 ширкати мустақил машғул мешаванд ва онҳо метавонанд беш аз 40 забонро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Масъулони Facebook ба хабаргузории «Reuters» гуфтаанд, ки онҳо навори сухангӯи Палатаи намояндагони ИМА Нэнси Пелосиро тоза намекунанд, чун навор барои эҷоди «суханони мастона» суст карда шудааст ва он ба меъёрҳои сиёсати нав мувофиқат мекунад.