Ҳақиқат | Шиносномаи тоҷикӣ ҷолибтар гардид

Чӣ санҷида шуд?

Бахши русии хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» 8-уми январи соли 2020 хабареро зери сарлавҳаи «Шиносномаи тоҷикӣ ҷолибтар гардид» («Таджикский паспорт стал более привлекательным») нашр намуд (бойгонӣ).

Дар хабар омадааст, ки мувофиқи радабандии Henley&Partners, шиносномаи тоҷикӣ дар соли 2019 боз ҳам ҷолибтар шудааст. Акнун, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба 58 давлати хориҷӣ бидуни раводид сафар карда метавонанд ва ин ба Тоҷикистон имкон додааст, ки дар радабандии мазкур зинаи 84-умро касб намояд.

Далелсанҷон хабари мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, муайян карданд, ки шиносномаи тоҷикӣ то куҷо ҷолибтар гардидааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, ба сомонаи расмии Henley&Partners ворид шуда, дар бахши «Citizenship» барномаи «The Henley Passport Index»-ро пайдо кардем (бойгонӣ). Сипас, дар ин барнома рӯйхати кишварҳоеро, ки аз нигоҳи ҷолибӣ дар ҷаҳон пешсафанд, дарёфтем. Воқеан ҳам дар ин рӯйхат Тоҷикистон байни кишварҳои Ҳиндустон, Мавритания дар зинаи 84-ум қарор дорад ва шаҳрвандони ин се кишвар метавонанд, ба 58 давлати дунё бидуни раводид сафар намоянд.

Ҷолибии шиносномаи тоҷикӣ дар ҳолест, ки ин ниҳод моҳи июли соли 2019 радабандии ба ин монандро пешниҳод карда буд ва дар он мувофиқи натиҷаҳои шашмоҳа, Тоҷикистон бо имкони рафтан ба 57 давлати ҷаҳон бидуни раводид зинаи 87-умро ишғол карда буд.

Маълум мешавад, ки Тоҷикистон дар радабандии Henley&Partners, ки оғози соли 2020 ба нашр расид, се зина (аз 87 ба 84) боло рафтааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон пешсаф буда (зинаи 67), шаҳрвандонаш имкон доранд, бе раводид 76 кишвари хориҷиро сайр кунанд.

Ҳамчунин, дар ин радабандӣ Қирғизистон дар зинаи 80-ум (сафар ба 63 кишвар бе раводид), Ӯзбекистон – 85 (сафар ба 57 кишвар) ва Туркманистон (сафар ба 52 кишвар) дар мақоми 90-ум қарор доранд.

Дар маҷмӯъ, 107 давлат дар радабандии Henley&Partners муаррифӣ шудаанд, ки зинаи аввал насиби Ҷопон гаштааст. Шаҳрвандони ин кишвар бе раводид аз 191 давлати дунё боздид карда метавонанд. Дар зинаи охир, кишвари Афғонистон ҷой гирифта, Русия мақоми 51-умро касб намудааст.

Рӯйхати шиносномаҳо нишон медиҳад, ки чӣ тавр шаҳрвандони кишварҳои гуногун метавонанд, дар тамоми ҷаҳон бидуни раводид рафтуомад дошта бошанд.

Ҳукмнома

Бар асоси ин радабандӣ, метавон хулоса кард, ки матлаби хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» зери унвони «Шиносномаи тоҷикӣ ҷолибтар гардид» ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь