Иштибоҳ дар далелҳо | Ҳавопаймои украинӣ бо садуҳаштод мусофир дар Теҳрон сарнагун шуд

Чӣ санҷида шуд?

Субҳи чаҳоршанбеи 8-уми январи соли равон аксар хабаргузории ҷаҳон аз суқути ҳавопаймои укроинии Boeing 737 хабар доданд. Бино ба хабарҳо, ин ҳавопаймои мусофирбар пас аз парвоз аз фурудгоҳи Имом Ҳумайнӣ, ки ба самти Киев дар ҳоли парвоз буд, дар наздикии шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сабабҳои номаълум ба замин сарозер шуд ва таркид.

Азбаски дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса хабаргузориҳо дар мавриди шумори мусофирон ва сарнишинон иттилои гуногун медоданд, дурустии онро мавриди санҷиш қарор додем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни ҷустуҷӯ дар бораи шумори ҳалокшудагони ҳодисаи мазкур якчанд маводеро пайдо кардем.

Бахши русии хабаргузории «Спутник Тоҷикистон» (бойгонӣ) дар такя ба хабаргузории «FarsNews» (бойгонӣ) шумори ҳалокшудагонро наздики 170 нафар гуфтааст. Дар ҳоле, ки ин хабаргузорӣ аз ҳалокати 176 нафар иттилоъ медиҳад.

Хабаргузории «Настоящее Время» низ дар саҳифаи фейсбукиаш нахуст аз 180 нафар маълумот дод. Баъд аз чанд муддат хабаргузории мазкур ин шумораро аз саҳифааш тоза кард (Нигаред ба аксҳо).

Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар канор набуд. Сомонаи расмии ин ниҳод таҳти унвони «Ҳавопаймои украинӣ бо садуҳаштод мусофир дар Теҳрон сарнагун шуд» (бойгонӣ) бо такя ба хабаргузории эронии «Tasnim News Agency» маводеро нашр намуда (бойгонӣ), иттилоъ додааст, ки тайёра баъд аз ба ҳаво парвоз намудан, ба замин сарозер шуд.

– Ҳавопаймои украинии Боинг-737 бо 180 мусофир дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Ҳумайнии шаҳри Теҳрон сарнагун шуд,– хабар додааст Кумита.

Вале «Tasnim News Agency» бо тасдиқи хабари сарнагун шудани ҳавопаймо аз номи раҳбари Хадамоти изтирории Эрон навиштааст, ки «субҳи рӯзи чаҳоршанбе ҳавопаймо бо 167 мусофир ва 9 сарнишин ба самти Киев парвоз кард ва баъд аз он ки ба ҳаво бархост, ба замин сарозер шуд».

Ҳанӯз баъд аз чанд дақиқаи суқути ҳавопаймои укроинии Boeing 737 Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Укроин дар сомонааш дар бораи ин ҳодиса ва шумори қурбониёни он хабари расмӣ нашр намуд (бойгонӣ): «Айни ҳол, дар бораи 168 нафаре, ки аз қайди фурудгоҳ гузаштаанд ва 9 узви сарнишин иттилоъ дода мешавад».

Худи ҳамон рӯз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Укроин низ чунин навиштааст (бойгонӣ):

– Тибқи иттилои навшуда, дар ҳавопаймо 82 шаҳрванди Эрон, 63 шаҳрванди Канада, 11 шаҳрванди Укроин (2 мусофир ва 9 узви сарнишин), 10 шаҳрванди Шветсия, 4 шаҳрванди Афғонистон, 3 шаҳрванди Олмон ва 3 шаҳрванди Бритониё буданд.

Дар робита ба ин, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи «ИРНА» (бойгонӣ) рӯзи 8-уми январ аз суқути ҳавопаймои укроинии Boeing 737 хабар дода, навиштааст, «ҳамаи 176 нафар, бо шумули 167 мусофир ва 9 сарнишин, ки дар ҳавопаймо буданд, ҷони худро аз даст доданд».

Яъне, аз ин маълумоти болоӣ бар меояд, ки дар ҳавопаймо дар умум 176 нафар қарор дошта, ҳамаи мусофирону сарнишинон ба ҳалокат расидаанд.

Ҳукмнома

Одатан, ҳангоми рӯй додани ин ё он ҳодиса ё фалокат аксари хабаргузорӣ кӯшиш мекунад, дар ин бора аввалин иттилоъро пешкаш намояд. Таҷриба нишон дод, ки дар натиҷа, бархе аз далелу арқом носанҷида нашру паҳн мегарданд.

Санҷиши мо низ нишон дод, ки чунин ҳолат дар хабаргузориҳои дар боло зикршуда низ мушоҳида мешавад. Бинобар ин, ба маводи мазкур ҳукмномаи «Иштибоҳ дар далелҳо»-ро зарур шуморидем.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь