Фактчекnews | Мирзиёев: «Бисёр одамон журналистонро дӯст намедоранд, аммо ман онҳоро меписандам»

Шавкат Мирзиёев, Раисҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, бисёриҳо журналистонро дӯст намедоранд, вале онҳо бароям писанданд.

Дар Тошканд пас аз интихоботи ахир ба мақомоти қонунгузории кишвар ҷаласаи якуми Палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баромад намуд.

«Агар мо барои рушди минбаъдаи системаи миллии интихобот бо мутахассисони хориҷӣ форумҳо баргузор кунем, вазъ тағйир меёбад. Аммо танҳо форумҳо кофӣ нестанд. Бояд бо мардум маслиҳат кард. Агар аъзои парлумон ба қонунгузории миллӣ тағйироти лозимаро ворид намоянд, мо метавонем камбудиҳоямонро ислоҳ кунем.

Барои парлумони Ӯзбекистон ҳеч кас аз берун омада, кореро анҷом намедиҳад, ҳеҷ гоҳ.

Номзадҳо ва вакилони парлумон бояд бештар китоб хонанд. Ташаккур ба хабаргузориҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ. Онҳо дар раванди интихобот хеле фаъолона ширкат доштанд. Шумо худ шоҳид гаштед, ки журналистон зимни мубоҳисаҳо ба намояндагони ҳизбҳо чӣ гуна саволҳои тезу тунд ва мушкил доданд. Имрӯзҳо намояндагони ВАО низ аз болои худ кор карда истодаанд ва онҳо тағйир ёфтаанд. Мехоҳам, ба кулли рӯзноманигорон барои ин фаъолнокӣ изҳори сипос намоям.

Бисёр одамон журналистонро дӯст намедоранд, аммо ман онҳоро меписандам»,- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Манбаъ: Kun.uz


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь