Фактчекnews | Куҳансолтарин пиразани кишвар аз олам даргузашт

Куҳансолатарин пиразани Тоҷикистон Фотима Мирзоқулова дар синни 127 аз олам даргузашт. Ӯ зодаи ноҳияи Ашт буда, 25-уми январи соли 2020 дунёро тарк гуфт. Дар ин бора сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, Фотима Мирзоқулова 13-уми марти соли 1893 дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Вай соҳиби 8 фарзанд – 5 духтару 3 писар, мебошад.

Фотима Мирзоқулова, ки барояш муяссар шудааст, дар се аср зиндагӣ кунад, қаблан сомонаи Factcheck.tj куҳансолтарин пиразан дар кишвар будани ӯро дар такя ба сарчашмаҳои мӯътамад исбот карда буд.

Ба иттилои сомонаи Guinness World Records, солмандтарин зани сайёра дар санаи 9-уми марти соли 2019 Кейн Танака, зодаи Фукуокаи Ҷопон (бойгонӣ) аст. Гуфта мешавад, ки ин зан 116 сол дошта, ҳамчун куҳансолтарин пиразан дар дунё ба «Китоби рекордҳои Гиннес» дохил шудааст.

Ин дар ҳолест, ки марҳум 127 сол дошт ва аз Кейн Танака 11 сол бузургтар буд. Вале зоҳиран бо сабабҳои номаълум исми ин зан чун куҳансолтарин пиразани ҷаҳон дар радабандиҳо дида намешуд ва солмандии ӯро танҳо дар Тоҷикистон эътироф менамуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь