Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 30-уми январи соли равон Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ӯ бо моддаи 189, қисми 1-уми КҶ ҶТ, яъне «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ», муттаҳам дониста мешавад, ки ин моддаи қонун то 5 сол ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Далер Шарифов 28-уми январ ба бозпурсии мақомоти амниятӣ даъват шуда будааст.
Ҳоло Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояти ҳуқуқии Далер Шарифов машғул мебошад. Абдураҳмон Шарифов аз ҷониби Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон (узви Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа) вакили дифои Далер Шарифов таъин шудааст.
Гуфта мешавад, як рӯз қабл Абдуманнон Шарифов, падари Далер бо ӯ мулоқоти кӯтоҳ доштааст.
– Дидам, саломатиаш хуб аст. Далер ба ман гуфт, ки фишор наовардаанд ва бозпурсӣ ҳанӯз идома дорад,- афзудааст падари Далер ба Радиои Озодӣ.
Зимнан, Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар як иттилоияи кӯтоҳ гуфтааст, «мутобиқи қонунгузорӣ, шахсро бо асосҳои ҷойдошта аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат дастгир кардан мумкин нест. Баъд аз гузаштани ин мӯҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда шавад ва ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар Кодекси мазкур пешбинишуда татбиқ гардад».
Далер Шарифов дар гузашта дар ТВ «Сафина» кор мекард ва муаллифи ток-шоуи «Муошират» ва ҳамчунин, барномаи «Қатрае аз баҳр» буд.
Солҳои ахир ба ҳайси фурӯшандаи китоб кор мекард. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.