Фактчекnews | 8 созмон ва даҳҳо журналист хостори раҳоии Далер Шарифов шуданд

8 созмони ҷамъиятиву журналистӣ ва даҳҳо хабарнигори тоҷик бо нашри як изҳорот аз боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик шадидан нигаронӣ кардаанд. Мақомот Шарифовро рӯзи 30-уми январ бо гумони «барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ» 2 моҳ ба ҳабс гирифтанд. Аммо наздикону дӯстони Шарифов ин иттиҳомро беасос медонанд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, созмонҳои ҷамъиятиву журналистии Тоҷикистон дар изҳороти худ гуфтаанд, боздошти Шарифов «дар арафаи ду рӯйдоди муҳим дар кишвар – интихоботи парлумонӣ ва президентӣ, ба обрӯи байналмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад».

Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистон 3-уми феврал бо имзои 35 хабарнигор ва 8 созмони журналистӣ нашр шуд. Дар ин баёнияи худ, онҳо аз мақомот талаб кардаанд, то қарори ҳабси Далер Шарифов дар давраи тафтишот бекор карда шавад. Ҳамчунин, созмонҳои журналистӣ хостаанд, таҳқиқи қазияи Далер Шарифов «воқеъбинона ва бо риояи тамоми кафолатҳои озодии баён», сурат бигирад.

Ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистон дар изҳороти худ аз таъкиду тавсияҳои созмонҳои ҷаҳонӣ дар робита ба озодии баён ёдрас шуда, баён доштаанд, ки «Тоҷикистон борҳо аз ниҳодҳои байналмилалӣ тавсияҳо гирифтааст, ки таҷрибаи фишор ба озодии сухан ва изҳори ақида дар кишварро хотима диҳад».

Дар зери ин изҳорот аз ҷумла, Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Ассотсиатсияи машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятии «Хома», «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», «Дунёи ҳуқуқ», «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва «Перспектива+», имзо гузоштаанд.

Далер Шарифов, 30-уми январ аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Иттиҳоме, ки наздикон ва дӯстони Шарифов онро беасос мехонанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз 5 рӯзи боздошт, Шарифовро ба нашри «200 матлабу мақола»-и ба қавли мақомот «дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ», ки «ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд», муттаҳам карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд.

Зимнан, вакилони мудофеъ ва баъзе аз созмонҳои хабарнигорӣ раҳоии ӯро талаб кардаанд, аммо мақомот ҳанӯз ба ин дархост ҷавоб надодаанд.

Далер Шарифов 32 сол дошта, дар гузашта дар ТВ «Сафина» ва ҳафтаномаи «Озодагон» кор мекард. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.


Jamshed Marupov
Jamshed Marupovhttps://factcheck.tj
Ҷамшед МАЪРУФ – рӯзноманигор-далелсанҷ, подкастер, инчунин мураббии расонаӣ. Мутахассис оид ба расонаҳои нав. Ҳаммуассис ва сармуҳаррири Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон Factcheck.tj ва ҳаммуаллифи платформаи ҷавонони ZiraMedia. Ҳамчунин, муассис ва роҳбари Мактаби расонаии JMBpictures ва Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь