Facebook изҳор дошт, ки хабарҳои қалбакӣ дар бораи паҳншавии коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоиро тоза хоҳад кард. Дар ин бора дар саҳифаи расмии ширкат гуфта мешавад.
«Шабакаи ҷаҳонии далелсанҷони мо дар ин самт кори худро бо роҳи баррасии муҳтаво ва фош кардани иддаои бардурӯғ, ки бар зидди коронавирус паҳн мешавад, идома медиҳад. Вақте онҳо хабарро бардурӯғ меҳисобанд, мо паҳнкунии онро дар Facebook ва Instagram маҳдуд месозем ва ба мардум маълумоти дақиқро пешниҳод менамоем. Инчунин, мо ба шахсоне, ки қаблан паҳн кардаанд ё талош доранд, ки ин муҳтаворо мубодила кунанд, барои огоҳ намудан аз асли воқеият, далели дақиқро мефиристем»,- гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҳамзамон, гузориш дода мешавад, ки муҳтаво бо иддаои бардурӯғ низ пок карда мешавад. Дар ин ҳолат, баҳодиҳии созмонҳои байналмилалӣ ё маҳаллӣ дар соҳаи тандурустӣ ба инобат гирифта мешавад. Масалан, маълумоти нодуруст дар бораи усулҳои табобат ё пешгирии коронавирус хориҷ карда мешаванд.