Офталмолог Ли Вэнлиан, ки пеш аз сар задани хатари навъи нави коронавирус ҳушдор дода буд, дар бемористони марказии шаҳри Вуҳани Чин, воқеъ дар музофоти Ҳубей даргузашт,- гузориш медиҳад DW.
Аввалин гузоришеро дар бораи марги Ли Вэнлиан рӯзномаи чинии «Global Times» нашр намуд, аммо дере нагузашта ин нашрия паёми худро рад кард ва ин хабарро аз саҳифааш пок намуд. Вале дертар маълумот дар бораи марги ӯ дар саҳифаи як муассисаи тиббии чинӣ дар микроблоги Weibo пайдо шуд. «Мо аз ин ҳодиса сахт андӯҳгинем»,- қайд карданд ҳамкорон.
Хабаргузории Tjournal иттилоъ додааст, ки духтур соати 2:58 дақиқа ба вақти маҳаллӣ (соати 23:58 дақиқа ба вақти Душанбе) вафот кардааст. Ӯ 34 сола буд.