Иштибоҳ дар далел бо унсурҳои дасткорӣ | 7 ҳазор тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд

Чӣ санҷида шуд?

13-уми январи соли равон Радиои Озодӣ зери сарлавҳаи «7 ҳазор тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд» маводеро нашр намуд (бойгонӣ).

Дар хабар Радиои Озодӣ ба хабаргузории русии ТАСС истинод овардааст, ки ин хабаргузорӣ ба Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар Русия (ФСИН) такя кардааст.

Ин рақам то куҷо дуруст аст, мавриди далелсанҷӣ қарор гирифт.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Барои дақиқ намудани ин маълумот, мо ба Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН) дар Русия рӯзи 6-уми феврал расман нома навиштем. Дар ҷавоб ин Хадамот навишт, ки воқеан ҳам дар маҳбасҳои Русия зиндониёни тоҷик адои ҷазо мекунанд, аммо шумори умумии онҳо на 7 ҳазор, балки 6825 нафарро ташкил медиҳанд.

«Мо ба Шумо иттилоъ медиҳем, ки дар тавқифгоҳҳои ҳабси пешакӣ 1610 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар муассисаҳои ислоҳӣ 6825 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд»,– омадааст дар номаи расмии Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар Русия.

Ҳукмнома

Санҷиш нишон дод, ки дар зиндонҳои Русия на «7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон», тавре, ки Радиои Озодӣ дар маводаш навиштааст, балки 6 ҳазору 825 нафар адои ҷазо мекунанд. Бар илова, бояд қайд кард, ки сарлавҳаи мавод кликбейт буда, маълумоти нопурраи дар сарлавҳа овардашуда дар бораи вазъият бо шаҳрвандони ҳабсшудаи Тоҷикистон эҳсосотеро мемонад. Аз ин хотир, ҳукмномаи мо «Иштибоҳ дар далел бо унсурҳои дасткорӣ» ном мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь